Бадриддин Мақсудов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадриддин Мақсудов
Бадриддин Мақсудов
Таърихи таваллуд 31 май 1956(1956-05-31) (67 сол)
Зодгоҳ Конибодом
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бадриддин Мақсудов — адабиётшинос, олим, доктори илми филология (2007), профессор (2010).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бадриддин Мақсудов 31 майи соли 1956 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Ӯ соли 1978 пас аз бо дипломи аъло хатм намудани факултети филологияи тоҷики Университети Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолияти кориашро аз лаборанти калони кабинети Ҷомии донишгоҳи мазкур оғоз кард. Аз январи соли 1981 то феврали соли 1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба сифати тарҷумон кор кард. Пас аз бозгашт ба вазифаи мудири кабинети Ҷомии УДТ таъйин шуд ва ҳамзамон ба аспирантураи шуъбаи ғоибона дохил шуда, онро соли 1989 хатм намуд. Худи ҳамон сол дар асоси озмун ба вазифаи ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик интихоб гардид. Аз апрели соли 1991 то ҳол дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик фаъолият дорад. Моҳи феврали соли 1992 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Камоли Хуҷандӣ ва хусусиятҳои асосии ғоявию бадеии ғазалиёти ӯ» дифоъ намуд ва сазовори дараҷаи илмии номзади илми филология гашт. Аз марти 2000 бо қарори Вазорати маорифи Федератсияи Русия ба ӯ унвони илмии дотсент дода шуд. Мақсудов Б. ноябри 2007 дар мавзӯи «Фахруддини Ироқӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва аз соли 2010 сазовори унвони профессор гардид. Мақсудов Б. дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба илм (1992-1996) ва ҷонишини декан оид ба корҳои таълими шуъбаи ғоибона (1996-1997) кор кардааст. Борҳо узви Шӯрои олимони факултет ва узви бюрои иттифоқи касабаи факултет буд. Ҳоло узви Шӯрои олимони факултет, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркия, узви ҳайъати таҳририяи маҷаллаи илмии «Язык. Литература. Образование» (Махачкала) мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бадриддин Мақсудов муаллифи монография (4), дастур (5) ва барномаҳои таълимӣ (4) мебошад. Мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавии ӯ (зиёда аз 170) дар дохил ва хориҷи кишвар ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ ва инглисӣ ба табъ расидаанд. Ӯ дар байни донишмандони соҳаи филология ба ҳайси муҳаққиқи дақиқназару пуркор шинохта шудааст. Дар тайёр кардани кадрҳои илмии филологӣ саҳми арзанда дорад. Мавсуф бо симо ва садои Тоҷикистон низ ҳамкории хуб ба роҳ мондааст ва дар тарғиби донишҳои адабӣ саҳми назаррас мегузорад. Ба воситаи Ҷамъияти «Дониш» дар байни аҳли кории шаҳру навоҳии Тоҷикистон мунтазам суханронӣ намуда, сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати моро тарғибу ташвиқ мекунад.[1]

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ.-Душанбе: Сино,1994.-163 саҳ;
  • The aesthetic image of the, “threshold” in the lyric of Kamol Khujandi // Cira Bulletin. USA.- Vol.- № 12.- № 1.- Fall, 1996.-р.25-28;
  • Сайре дар ғазалиёти Ироқӣ.-Душанбе: Деваштич, 2007.-168 саҳ;
  • Феҳристи нусхаҳои хаттии Маркази фарҳангии ба номи профессор Ш.Ҳусейнзода.-Душанбе: Сино, 2007.- 100 саҳ;
  • Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ.-Душанбе: Пайванд, 2009.-555 саҳ;
  • Равиши таҳқиқи адабиётшиносӣ.-Душанбе: Сино, 2012.-148 саҳ.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]