Баҳриддин Камолиддинов
Баҳриддин Камолиддинов | |
Таърихи таваллуд | 5 октябр 1935 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 13 май 2020 (84 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон |
Баҳриддин Камолиддинов — забоншиноси аҳли Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳриддин Камолиддинов 5 октябри 1935 дар деҳаи Пунғази ноҳияи Ашт, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин) бо дипломи сурх аз соли 1959 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст ва соли 1991 соҳиби унвони илмии профессор мебошад. Солҳои зиёде ҷонишини таълимии декани факултаи филология ва шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2011 вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Ҳоло профессори ҳамин кафедра аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин рисолаҳои илмиаш бо унвонҳои “Ҳаким Карим”, “Забон ва услуби Ҳаким Карим” солҳои шастуми садаи гузашта ба табъ расидаанд. Солҳои минбаъда рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (Д.,1973), ки ба забони дарӣ дар Афғонистон ду маротиба чоп шудааст, ду маҷмӯи машқҳо доир ба наҳви забони тоҷикӣ (ҳаммуаллиф, 1978, 1982),
- “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986),
- “Ҳусни баён” (1989),
- “Хусусиятҳои услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992),
- “Услубшиносӣ” (ҳаммуаллиф, китоби дарсӣ барои хонандагони макотиби миёна, 1995),
- “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001),
- “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003),
- “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005),
- “Меъёрҳои забонҳои адабӣ ва забони матбуот” (2007),
- “Сухан гуфтию дур суфтӣ, ё рӯ ба рӯи микрофон” (2007),
- "Забони тоҷикӣ" (Китоби дарси барои хонандагони синфи 11 (2007),
- “Наҳви забони тоҷикӣ” (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои филология, рӯзноманигорика ва забонҳои Шарқ, 2010),
- "Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языка (2010),
- "Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул" (2013)
Инчунин бо ҳаммуаллифӣ бо олимони дигар дастури ёрирасони таълимии “Тарҷума ва балоғати сухан” (иборат аз ду ҷилд, 2004 ва 2005) ба табъ расидаанд.
Бар замми ин, дар давоми фаъолияи илмию омӯзгорӣ беш аз 150 мақолаи илмию методӣ интишор намуда, беш аз 50 номгӯй асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимиро таҳрир кардааст. Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони “Грамматикаи забони ҳозираи тоҷик” (грамматикаи илмии академиявӣ, 1985-1992) мебошад. Профессор Баҳриддин Камолиддинов дар давоми солҳои 1998-2011 ба ҳайси узви шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Инситути илмҳои педагогӣ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон хидмати шоиста намудааст. Номбурда ба ҳайси узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кории ислоҳоти имлои забони тоҷикӣ (солҳои 1994-1998 ва 2010) хидмат кардааст. Баҳриддин Камолиддинов ба ҳайси сардори гурӯҳи ҳамоҳангсози фанни забони тоҷикии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагон (тоҷику ғайритоҷикзабон)-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ низ ба муаллифони китобҳои дарсӣ ба сифати мушовир, муқарриз ё муҳаррир ёрдам кардааст. Таҳти роҳбарии Баҳриддин Камолиддинов 20 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.[1].[2].
Вафот
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳриддин Камолиддинов 13-уми майи 2020 дар синни 84 солагӣ аз бемории COVID-19 дар манзили зисташ, дар шаҳри Душанбе пас аз як рӯзи марги духтараш Гулнора Камолиддинова даргузашт. Ӯ як ҳафтаи охир аз ин беморӣ ранҷ мекашид ва дар манзилаш табобат мегирифт. Ҷасади ӯро дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дар канори ҳамсараш ба хок супурданд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон,
- Корманди шоистаи Тоҷикистон,
- Аълочии маорифи Тоҷикистон,
- нишони “Комёбиҳои беназир дар таълими мактаби олӣ”
- бо ду Ифтихорномаи фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 5 октябр
- Зодагони соли 1935
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ашт
- Даргузаштагони 13 май
- Даргузаштагони соли 2020
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон