Вадуд Маҳмудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вадуд Маҳмудӣ
Таърихи таваллуд: 8 октябр 1897(1897-10-08) ё 1898
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1976
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: адабиётшинос, файласуф, тарҷумон, нависанда, шоир

Вадуд Маҳмудӣ (форсӣ: ودود محمودی‎; 8 октябр 1897 ё 1898, ноҳияи Тайлоқ1976, Душанбе) — омӯзгор, файласуф, мунаққид, тарҷумон, адабиётшинос, луғатшинос, забоншинос, шоир ва нависандаи тоҷику ӯзбек.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Вадуд Маҳмудӣ 8 октябри соли 1897 дар Самарқанд дар оилаи мударриси мадрасаи Хоҷа Зулмурод мулло Маҳмудҷон Махдум ба дунё омадааст.

Хатту саводро то ҳафтсолагиаш падараш омӯхта, баъдан мактаби ҷадидии Абдулқодир Шакуриро дар Самарқанд хатм кардааст. То ғалабаи Инқилоби Октябр солҳои 1909—1918 дар ин мактаби ҷадидӣ аввал халифа-шогирд ва баъд муовини муаллими худ буд[1].

Сипас дар Мадрасаи Олияи шаҳри Уфа (1917—1918)[2], сипас дар курсҳои омӯзгории Самарқанд (1918) ва факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дар Тошканд (1923) ҳамчун донишҷӯи озод таҳсил кардааст[2].

Ӯ дар солҳои 1925—1926 барои таҳсил ба Донишкадаи адабу ҳунари Бирюсоваи Маскав рафт, гарчи таҳсилотро ба поён нарасонд, аммо тасаллуте ба русӣ пайдо кард, ки ҳосилаш тарҷумаи осоре аз русӣ ба форсӣ буд[3].

Баъди ба Самарқанд баргаштан дар соли 1919 муаллими мактаби № 1 ва курсҳои муаллимтайёркунӣ, мудири шуъбаи маорифи халқи шаҳри Самарқанд, мудири маорифи ноҳияи Ҷиззах (1920—1926), мудир ва муҳаррири маҷаллаи «Маориф ва ўқитувчӣ» (1926—1927), тарҷумон ва ходими адабии Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд (1927—1929) буд.

Соли 1930 ба Сталинобод омада, дар системаи маорифи халқ ва баъд дар Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ вазифаҳои гуногунро ба ҷо овард[1].

Зиндон[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1927 ба далели ақидаҳои мазҳабӣ аз сафи ҳизб хориҷ карда шуда, дар соли 1930 ба ҷурми «тааллуқ ба фарҳанги буржуазии иртиҷоъӣ» тавассути мақомоти Шӯравӣ (НКВД) ба ҳабс гирифта шуда, ба муддати 3 сол дар лагерҳо ва 3 сол бадарға дар Алмаато маҳкум шуд.

Соли 1936 ба Самарқанд баргашт ва соли 1937 боз аз ҷониби НКВД-и Самарқанд боздошт ва ба муддати 16 сол зиндон маҳкум шуд ва дар соли 1959 озод карда шуд, соли 1964 пурра сафед карда шуд[2].

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Вадуд Маҳмудӣ пас аз бозгашт аз бадарға дар Самарқанд дар ҳавлии Садриддин Айнӣ зиндагӣ кардааст. Ҳамсари устод Айнӣ – Салоҳат хоҳари Вадуд Маҳмудӣ буда, ӯро Абдуқодир Шакурӣ пас аз ба Самарқанд омадани Айнӣ ба вай ба шавҳар додааст. Азбаски ҳавлии Айнӣ солҳои шастум ба осорхона табдил меёбад, дар яке аз иморатҳои бисёрошёнаи нави атрофи Регистон ба Вадуд Маҳмудӣ хона дода мешавад. Вадуд Маҳмудӣ соли 1957 хонадор шудааст ва ҳамаи фарзандонаш – Нӯшод, Озод, Нажод, Ораш дар ҳамин манзил ба воя расидаанд[4].

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолот[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаҳои адабӣ-танқидӣ ва публитсистии Вадуд Маҳмудӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз қабили «Садои камбағал», «Зарафшон», «Туркистон», «Инқилоб», «Маориф ва таълим» ва «Замин» ба «Вов», «В.М.», «Вадуд Маҳмудӣ, «Вадуд Маҳмуд оғлу» мунтазам нашр мешуд[2].

Китобҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Вадуд Маҳмудӣ муаллифи аввалин алифбо ба ҳуруфи лотинӣ (1927), китобҳои дарсии «Омӯзиш» (иборат аз 3 қисм, бо ҳамқаламии Т. Зеҳнӣ, 1927—1928), «Сарфи амалӣ» (барои синфҳои 2,3,4), «Дастури амалӣ» (сарф барои синфи 2 ибтидоӣ) ва ғайра, ҳамчунин «Сабзаи навхез» (маҷмӯъаи шеърҳо) мебошад, ки дар шаҳри Душанбе соли 1930 ба табъ расидааст[1].

Яке аз асарҳои маъруфи Вадуд Маҳмудӣ қиссаи ҳуҷҷатии «Муаллим Абдулқодири Шакурӣ», ки дар он дар бораи давраи пурҷӯшу хурӯши маорифпарварӣ ва набардҳо барои устувор кардани мактабу маорифи миллӣ сухан рафтааст. Ин қисса соли 1990 бо кӯшиш ва сарсухани нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода дар шумораи ҳаштуми маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидааст[5].

Вадуд Маҳмудов ҳамроҳи устодон Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим ва дигар олимони номвари луғатшинос дар таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) саҳми бориз гузоштааст[1].

Тарҷумонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Вадуд Маҳмудӣ румони «Қаҳрамони даврони мо»-и М. Ю. Лермонтов, ашъор ва румони манзуми А. С. Пушкин «Евгений Онегин», силсилаи ёддоштҳои сегонаи «Бачагӣ», «Наврасӣ» ва «Ҷавонӣ»-и Л. Н. Толстой, маҷмӯъаи ҳикояҳои М. Горкий ва И. Тургенев, «Ҳамлет»-и У. Шекспир, «Саёҳат ба маркази Замин»-и Жюл Верн, «Масалҳо»-и И. Крилов ва дигар адибонро ба форсӣ гардонидааст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Чашмони Вадуд Маҳмудӣ дар ҳабсхонаи пурзаҳ хира шуда буданд. Соли 1976 дар шаҳри Душанбе шомгоҳе ӯ дар чоҳи қубури обгузар уфтода, осеби сахт дид ва бар асари тасодуф даргузашт[1].

Оромгоҳаш дар қабристони Сари Осиёи Душанбе воқеъ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Муродова Малика Ҷӯраевна. Образи маорифпарварон дар қиссаи ҳуҷҷатии “Муаллим Абдулқодири Шакурӣ”- и Вадуд Маҳмудӣ (2020).
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Вадуд Махмуди (1898-1976)(ӯзб.). www.ziyouz.uz. Зиё.
  3. ودود محمودی از شاعران و ادیبان معاصر تاجیک است. iranboom.ir. 11 феврали 2024 санҷида шуд.
  4. Ӯктам Иброҳим. Дар тӯфони айём. ovozitojik.uz. Овози тоҷик (1 сентябри 2022). 11 феврали 2024 санҷида шуд.
  5. Маҳмудӣ, В. Муаллим Абдуқодир Шакурӣ: Қиссаи ҳуҷҷатӣ / Таҳияи С. Улуғзода / В. Маҳмудӣ // Садои Шарқ. — 1990. — № 8. — С. 3-41.