Jump to content

Валиғонд (деҳа, н. Масчо)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Валиғонд (н. Мастчоҳ))
Деҳа
Валиғонд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Масчо
Ҷамоат Деҳоти Палдорак
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 651 тан (2013)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3445
Нишонаи почта 735800

Валиғонд (Валиғунд — ҷойи ҷамъ омадани валиҳо) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Масчо. Аз Валиғонд то маркази ноҳия 20 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 651 нафар (2013).

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, сартарошхона ва масҷиди ҷомеъ (ба номи Имом Ғаззолӣ) дорад. Дар Валиғонд хоҷагиҳои деҳқонии «Дӯстӣ», «Усто Наим», «Барзгар», «Мирзо Ҳаким», заводи пахтақабулкунии «Солеҳ», заводи равғанкашии «Ҷаъфар» мавҷуданд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Дилварзин обёрӣ мешаванд. Аҳолиаш солҳои 1956 бо мақсади обод намудани заминҳои бекорхобидаи Дашти Дилварзин ва васеъ намудани майдонҳои кишти пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ муҳоҷир шудаанд.