Jump to content

Давлати Суғди қадим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Давлати Суғди қадим — ҳамчун дуюмин кишвари Ориёно дар Авесто ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти шоҳи Турон ш. Афросиёб (шаҳри Самарқанд) буд. Бунёди шаҳри Бухоро ба домоди Афросиёб, ки писари шоҳи Эрон Кайхусрав буд, нисбат дода мешавад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ, то давраи Ҳахоманишиён Суғд ёд нашудааст. Муҳаққиқон фарз мекунанд, ки он ба ҳайати Подшоҳии Бохтари қадим ё иттиҳоди Давлати Хоразми Бузург дохил мешуд.[1]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 30.