Ориёно

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Фараваҳар

Ориёно (порсӣ: آریانا) – (аз номи қабилаи айиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрӯзаи Туркманистони ҷунубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон.[1] Ориёӣ - аз калимаи авестоии «ā́rya» ва эронии «airya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст.

Таърих[вироиш]

Дар сарчашмаҳои қадим якчанд кишварҳои ориёӣ номбар шудаанд: дар "Михр-яшт" навишта шудааст, ки Аирьошаяну ("Маскани ориёиҳо") шаш кишварро дарбар мегирад:Ишкат ва Поурут (дар кӯҳсори Ҳиндукш), Моуру ва Харойа (Марв ва Ҳирот), Гава-Суғд ва Хваиризем (Суғд и Хоразм). Дар "Видевдод" (қисмати Авесто) 16 кишвар номбар гардидааст, аз ҷумла «Airyanəm vaējah» - "Айиряна Ваеҷаҳ - Орёвиҷ" (аз забони авестои – «фазо, ё доманаҳои Ориё») – маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои (кишвари) ориёиҳо номбар шудааст.[2]. Инчунин, дар Авесто панҷ халқи ориёӣ номбар шудааст:ориёӣ (airya-) - офарандагони Авесто ва халқҳои дигар (ғайри эътқоди Дини зардуштӣ) - туйиря (tūirya-), сайрима (sairima-), саини (sāini-) ва дахҳо (dåŋha-)номбар шудааст? ки ба халқҳои эронизабон (яъне, ориёиҳо) нисбат дода шудаанд. Маҳз аз ҳамин тазоди авестои минбаъд тазоди Эрон (кишвари ориёиҳо) ва Турон - Давлати Афросиёб ба миён омадааст.[3]

Аз рӯи дастхатҳои китоби Авесто[4] ва Ведҳо[5],, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра ба кишвари Ориёно - Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Тӯрон - Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд..

Инҷоро ҳам нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  3. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D1%80%D0%B8%D0%B8
  4. https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D0%B2%D0%B5%D1%81%D1%82%D0%BE
  5. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%92%D0%B5%D0%B4%D1%8B