Дӯғкашӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳунарҳои халқӣ, Дӯғкашӣ

Дӯғкашӣ (порсӣ: دوغکشی ) – раванди ҷудо кардани равғани маска аз ҷурғотро дар байни мардум дӯғкашӣ, маскакашӣ ва гуппизанӣ меноманд. Равғани маска дар байни мардуми тоҷик бо дастгоҳҳои гуппӣ (куппӣ) ва чархдегу чархчӯб истеҳсол мешавад.

Раванди маскакашӣ сода бошад ҳам, заҳматталаб аст. Барои ҳосил кардани равғани маска ҷурғотро ба гуппӣ рехта, гуппичӯбро ба он андохта зуд-зуд ба болову поён ҳаракат медиҳанд. Равғани маска дар ҳолати ҳарорати муътадил будани ҷурғот хубтар ҳосил мешавад. Агар ҷурғот хунук бошад, ба он каме оби гарм мерезанд. Баръакс агар ҷурғот гарм бошад, ба он қадре оби хунук илова мекунанд. Маскаи ҳоислшударо ба оби хунук шуста, бо дастҳо фишор медиҳанд, то ки дӯғҳои боқимонда аз дохилаш берун шаванд. Маскаи тозашударо намак карда, дар тағора ё корсон нигоҳ медоранд, то ки тамоми обаш таровад. Баъзеҳо маскаро ба халта гирифта ба болояш санг мегузоранд ва бо ин роҳ қатраҳои охирини обаш берун шуда, маска хушмаза мегардад. Маскае, ки дар таркибаш қатараҳои дӯғ боқӣ монда бошад, маззаи турширо медиҳад. Дӯғи ҳосилшударо дар халтаҳо меандозанд, оби он қатра-қатра чакида дӯғ ба мост табдил меёбад. Агар он дар халта бештар истад, бештари обҳояш чакида, чакка ҳосил мешавад. Дар баъзе деҳаҳои кӯҳистон дӯғи маскааш гирифташударо дар дегҳо ҷӯшонида, ба халтаҳо мегиранд. Тадриҷан зардоби он чакида маҳсулот ба чаккаи сахт ё қурут табдил меёбад.

Ҳунарҳои халқӣ, Дӯғкашӣ

Усули дигари дӯғкашӣ бо чархдегу чархчӯб анҷом дода мешавад, дар водиҳои Ҳисору Кӯлоб, Вахш, Рашт, Дарвоз ва дигар ҷойҳо маъмул буд. Дастгоҳи дӯғкашӣ аз қисмҳои зерин иборат буд: чахник (чахт) – ҳалқаҳои чӯбин; чархчӯб, ки 1-1,2 м дарозӣ дошта, дар нӯгаш ду тахта ба шакли салиб устувор шуда буд; зарфи сафолии калон – «чағдег» (чархдег), ки он то 10-12 литр ғуноҷоиш дошт. Дар ягон сутун чахникро бо банд мебастанд ва дастаи чархчӯбро аз ҳалқаҳо гузаронида, нӯги онро ба даруни чархдег меандохтанд. Ба дастаи чархчӯб навори чармиро (қаиш, тасма, дувол) як маротиба печонида, ду нӯги тасмаро зане, ки дӯғ мекашид, ба даст мегирифт. Ҷурғотро ба чархдег мерехтанд ва зан бо навбат нӯгҳои тасмаро пасу пеш кашидан мегирифт. Дар ин ҳолат тасма чархчӯбро гоҳ ба самти чап ва гоҳ ба самти рост чарх занонида, ҷурғотро низ омезиш медод. Дар натиҷаи чархзании чархчӯб қатраҳои равғани маска ҷудо шуд ба рӯи дӯғоб мебаромад ва зани дӯғкаш онро бо чумча гирифта, ба зарфи дигари сафолӣ (хурма, равғанҷома, мангӣ) меандохт.

Ҳангоми дӯғкашӣ занҳо баъзе расму одат ва боварҳои анъанавиро ба ҷо меоварданд. Масалан, дар Ховалинг занҳо дар атрофи дастгоҳи дӯғкашӣ растаниҳои тару тоза ва гулҳои хушбӯйро мегузоштанд. Дар Қаротегин (Рашт) бонувон дар атрофи чархдег андаке хокистар мепошиданд ва пас анҷом ёфтани дӯғкашӣ онро рӯфта, ба оби равон мепартофтанд. Пеш аз маскакашӣ гашничи хушкро дуд карда, дар атрофи чархдег се маротиба давр мезанониданд. Дар ноҳияи Ҳисор испандро дуд мекарданд, дар Яғноб шохчаҳои арчаро, дар Ванҷу Дарвоз ва навоҳии Бадахшон «камч» – пиёзи ваҳширо дуд мекарданд, ки ҳамагӣ бо мақсади дур кардани чашми баду зиёни рӯҳҳои аҳриманӣ анҷом дода мешуд. Дар Вахё пеш аз дӯғкашӣ занҳо чунин дуо мехонаданд: «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Ҳазрати Биби Фотимаву Зуҳро, баракат кунед, равғани калон шавад!»

Дар Яғноб мегуфтанд: «Ё Ғавс, ё Ғиёс, ё Хизр, ё Илёс, хиныштам катта вот, и хышти баробар вот!» («Ё Ғавс, ё Ғиёс, ё Хизр, ё Илёс, маскаи ман калон бод, он ба мисли хишт сахт шавад!»). Дар Фалғар (н. Айнӣ) зани дӯғкаш пеш аз маскакашӣ аз чорраҳае хасу чӯбчаҳоро ҷамъ оварда, оташ меафрӯхт ва бо белча гирди дастгоҳи дӯғкашӣ се бор давр занонида ин дуоро мехонд: «Дасти ман не, дасти Биби Фотима, Бибӣ Зуҳро. Касбу кор-ба баракат тияд. Буромадани колҳо (молҳо), фуромадани пайғаҳо (маскаҳо). Кӯҳи Қоф дар ӯ баҷо. Куппи ман пури пайғаҳ шав, пури пайғаҳ шав…».

Маскаро дар ҳолати хомиаш камтар истифода мебурданд. Онро дар дегҳои калон андохта, об мекарданд ва аз он равғани зард ҳосил мешуд, ки асосан, барои зимистон захира менамуданд. Барои об кардани маска занҳо рӯзҳои муайян – сешанбе ва чоршанберо интихоб мекарданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳангоми тайёр кардани равғани зард мардҳо дар хона набошанд, инчунин каси бегона низ аз дар надарояд. Зеро корҳои дӯғкашию маскаобкунӣ хоси занҳо буда, пири ин кор ҳазрати Бибӣ Фотимаи Заҳро ба шумор мерафт. Пеш аз маска об кардан нӯкчаи пахтагин афрӯхта, дар чор гӯшаи дег мегузоштанд, каме гарди орд мепошиданд. Барои бартараф кардани чашми баду таъсири махлуқоти зиёнрасони фавқуттабиӣ чӯбу алафҳои хушки хордор ба оташ меандохтанд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 31 - 35.