Замира Ғаффорова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Замира Ғаффорова
Замира Абдуллоевна Ғаффорова
Таърихи таваллуд 3 май 1967(1967-05-03) (57 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор ДДТ ба номи В.И. Ленин,Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2002) ва Ҷоизаи хукумати вилояти Суғд ба номи Камоли Хуҷандӣ дар риштаи адабиёт (2002)

Замира Ғаффорова (03.05.1967, шаҳри Душанбе) — адабиётшинос, доктори илми филологӣ (2002), профессор (2003). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2002), Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (2002) ва Ҷоизаи Маҳастӣ (2017).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Замира Ғаффорова ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло хатм намудааст (1989). Солҳои 1987-1988 дар Хиндустон дар факултаи забоншиносии Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (Дехли) таҷриба андухтааст. Ходими хурди илмӣи шуъбаи ахбори илмии ПЗА АИ Тоҷикистон (1990), хамзамон муаллими забон ва адабиёти ҳиндии кафедраи филологияи хиндии факултаи забонҳои шарқи ДДТ ба номи В.И. Ленин, аспиранти Пажуҳишгоҳи шаркшиноси ва мероси хаттии АИ ҶТ (1991-93), ходими илмӣ ва ходими калони илмӣи шуъбаи тадқиқоти филологии Маркази илмӣи Хуҷандии АИ ҶТ (1994-2001). Соли 1993 дар мавзӯъи «Тазкираи «Каламот-уш-шуаро»-и Мухаммадафзали Сархуш ва «Сафинаи Хушгу»-и Биндробан Доси Хушгу ҳамчун сарчашмаи мухими адабиёти форсизабони Хиндустон дар асрҳои ХVII-ХVIII» рисолаи номзади ва соли 2002 дар мавзӯъи «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Хиндустон дар асрҳои ХVI-ХVII (хавзаи адабии Кашмир)» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Аз соли 2002 инчониб дар факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хайси дотсенти кафедраи филологияи арабӣ (2002-2003) ва профессор (2003), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (аз с.2003) фаъолият дорад. Аз соли 2005 котиби илмӣи Шурои диссертатсиони оид ба дифои рисолаҳои номзадии назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров аст. Аз соли 2011 Профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Муаллифи чандин рисола ва беш аз 60 мақолаи илмӣ мебошад.[1]

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тазкираҳои Сархуш ва Хушгу ҳамчун сарчашмаи накду сухансанҷӣ. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2001;
  • Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Кашмир дар асрҳои ХVI-ХVII. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2001.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]