Ибни Руста

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Руста
Таърихи таваллуд номаълум
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 903
Кишвар

Абуалӣ Аҳмад ибни Умари Руста (форсӣ: ابو علی احمد بن عمر ابن رُسته‎; номаълум, Исфаҳон903) — ҷуғрофиёдон, муаррих ва сайёҳи эронитабори арабинавис, муаллифи «Китобу-л-аълоқ ан-нафиса».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар баъзе маъхазҳо номи ӯ Муҳаммад ва номи падарашро Муҳаммад ибни Исҳоқ зикр шудааст. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Соли 903 ба Ҳиҷоз (Арабистон) сафар карда, роҷеъ ба катибаҳои Масҷидуннабӣ ва дарҳои он дар китоби худ маълумот додааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиди кайҳоннигорӣ асари бисёрҷилда таълиф карда, танҳо ҷилди ҳафтуми он — «Китобу-л-аълоқи-н-нафиса» («Ороишоти нафиса», таълифаш 943) боқӣ мондааст, ки доир ба илмҳои ситорашиносӣ ва ҷуғрофия баҳс мекунад. Шарқшиносон ва муҳаққиқон то нимаи аввали асри 19 бо осори Ибни Руста ошноӣ надоштанд (Осори ӯ то ин вақт таҳқиқ нашуда буд). Ибни Надим низ дар «ал-Феҳрист» аз ӯ ва осораш ёд накардааст. Бахше аз «Китобу-л-аълоқу-н-нафиса», ки марбут ба славянҳо ва мардуми нимҷазираи Балкан аст, соли 1869 (аз ҷониби шарқшинос Д. А. Хволсон) нашр шудааст. Аз «Китобу-л-аълоқи-н-нафиса» ду нухсаи хаттӣ боқӣ мондааст, ки як нусхаи он дар Осорхонаи Британияи Кабир маҳфуз аст. Баъзе муҳаққиқон китоби Ибни Рустаро мутаассир аз китоби ҷуғрофиёдони тоҷик (асри 10) Ҷайҳонӣ (вазири давлати Сомониён) медонанд. Ибни Руста дар ин асар анъанаҳои ситорашиносиву риёзидонии ҷуғрофиёдонҳои асрҳои 9-10 Ибни Хурдодбеҳ, ал-Фарғонӣ ва Абумаъшари Балхиро идома додааст. Ибни Руста зимни овардани матолиби ситорашиносӣ ва ҷуғрофиёӣ аз оятҳои қуръонӣ истинод кардааст. Муаллиф ба шарҳи масъалаҳои таърихиву ҷуғрофиёӣ, мардумшиносӣ, тиҷорату иқтисодиёти шаҳрҳо ва мардуми Эрон, Осиёи Миёна, Миср, Арабистони Ҷанубӣ, Байнаннаҳрайн, Ҳиндустони Шарқӣ, Бизонис, инчунин атрофи Волга, Олтой, Урал диққати махсус додааст. Ибин Руста доир ба шаҳрҳо, шигифтиҳои Замин, вижагиҳои аҷиби сарзаминҳои гуногун ва биноҳои бузург, аз ҷумла манораи Искандария, аҳроми Миср маълумот дода, ҳамчунин рӯдҳои Ганг, Синд, Сафедрӯд, Нил, Зиндарӯд, Ҷайҳун, Вахшоб (Вахш), Даҷла ва ғ.-ро васф кардааст. Ибни Руста аввалин ҷуғрофиёдони мусулмон буд, ки дар бораи хазарҳо, бурдосҳо, булғорҳо, маҷориҳо, славянҳо, русҳо, сарзамини Сарир (ҳудуди ҳозираи Арманистон ва қисме аз Туркия) ва Олон маълумот додааст. Асари Ибни Руста бо сабки сода ва оммафаҳм таълиф шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]