Давлати Сомониён
Аввалин давлати соҳибистиклоли тоҷикон. Ҳукумронии сулолаи Сомониён солҳои 819-999 дарбар мегирад. Асосгузори сулола- Сомонхудот мебошад, ки аз соли 819 наберагонаш Нуҳ, Аҳмад, Ёқуб ва Илёс дар вилоятҳои Мовароуннаҳр ҳукумрон мешаванд. Номи давлат аз номи сулолаи ҳоким - Сомониён гирифта шудааст.То соли 892 амирони Сомониён зери итоати Хилофати Араб қарор доштанд.Асосгузори давлати сохибистиклоли тоҷикон Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ(892-907) мебошад. Исмоил аз итоати арабҳо баромада соли 900 кишвари Хуросонро ба Мовароуннаҳр муттаҳид намудааст.Заминҳои таърихии ориёнажодон ба як давлати муттамарказонидашуда муттаҳид шуданд.Давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ ва амир Насри II(914-941) айёми гулгулшукуфии давлати Сомониён ба ҳисоб меравад. Сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, муаллифи "Шоҳнома" Абулкосим Фирдавсӣ, олимони машҳури шарқзамин Абуали ибни Сино, Закариёи Розӣ, Ҷайҳонӣ,Балъамӣ, ва диг. асарҳои хешро дар ҳамин давлат эъҷод кардаанд.Дар ин давра илму ҳунар ва санъат ривоҷу равнақ ёфта, адабиёти хаттии форсӣ-тоҷикӣ ташаккул ёфт. Давлати Сомониён ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон ва қисман Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистону Эрони ҳозираро дар бар мегирифт. Марказаш шаҳри Бухоро буд.Ташаккули халқи тоҷик ва забони форсии тоҷикӣ дар давраи мавҷудияти давлати Сомониён асри IX - X ба анҷом расидааст.Соли 999 бинобар суст гардидани ҳукумати марказӣ ва хиёнати ҳарбиёни турк давлати Сомониён аз ҷчониби давлати Қарахониёнзабт карда шудааст. Портал:Таърих