Маҳмуди Варроқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмуди Варроқ
Таърихи даргузашт: 836
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ (форсӣ: محمود وراق هروی‎; ? — 836) — шоири пешгоми порсигӯ, ҳамдавра бо дудмонҳои Тоҳириёну Саффориён буд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмуди Варроқро ҳамзамони подшоҳони Тоҳирӣ ва Саффорӣ донистаанд. Ризоқулихони Ҳидоят таърихи вафоти ин шоирро 221 ҳиҷрӣ (835—836 милодӣ) навиштааст. Аз Маҳмуди Варроқ ду байт шеър боқӣ мондааст, ки чун абёти Ҳанзалаи Бодғисӣ ба тарзи сухани шоирони замонҳои баъдтар ҳамоҳангӣ дорад[1]. Ду байти мазкур ин аст:

Нигорино, ба нақди ҷон-т надҳам,
Гаронӣ дар баҳо, арзон-т надҳам.
Гирифтастам ба каф домони васлат,
Ниҳам ҷон аз кафу домон-т надҳам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ. www.termcom.tj. 19 сентябри 2023 санҷида шуд.