Меҳрӣ Содиқова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Меҳрӣ Содиқова
Содиқова Меҳрӣ Олимовна
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1947(1947-11-07)
Зодгоҳ Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 17 ноябр 2023(2023-11-17) (76 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1977)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995)

Меҳрӣ Содиқова (Содиқова Меҳрӣ Олимовна; 7 ноябри 1947, Кӯлоб  — 17 ноябри 2023, Душанбе) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (1982), дотсент (1987).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Меҳрӣ Содиқова 7 ноябри соли 1947 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Солҳои 1952—1963 дар мактаби миёна таҳсил карда, факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро дар соли 1968 хатм кардаст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ассистенти кафедраи риёзиёти амалии факултети механика ва математикаи ДДТ (1968—1973), аспиранти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ факултети иқтисодии ДДТ (1974—1977), ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ факултети иқтисодии ДДТ (1978—1983), муаллими калон, дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодии факултети баҳисобгирии иқтисодии ДДТ (1984—1996), мудири кафедраи усулҳои риёзӣ дар иқтисодиёти ДДМТ (1996—2002)[1], дотсенти кафедраи риёзиёт дар иқтисодиёт (2003—2004), мудири кафедраи фаннҳои табиии Донишкадаи муосири тоҷикӣ-русӣ (2004), мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2004—2012) буд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1995 — «Аълочии маорифи Тоҷикистон».

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Усулҳои истифодабарӣ аз Интернет. Китоби дарсӣ. Д. — 2010. — 134 с.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]