Мунаввара Додхоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мунаввара Додхоева
Мунаввара Файзуллоевна Додхоева
Таърихи таваллуд 2 июн 1946(1946-06-02) (77 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо медали «Хидмати шоиста»

Мунаввара Додхоева — доктори илмҳои тиб (1999), профессор (2000). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2001).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мунаввара Файзуллоевна Додхоева Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1970), ихтисос – «момодоягӣ ва гинекология». Академики Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии ҶТ (2010). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва модарии солим. Мудири кафедраи момодоягӣ ва гинекологияи № 1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1993-то имрӯз).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • медали «Хидмати шоиста»

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.