Jump to content

Муқаддима Ашрафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муқаддима Ашрафӣ
Ашрафӣ Муқаддима Мухторовна
Таърихи таваллуд 5 июн 1936(1936-06-05)
Зодгоҳ Тошканд
Таърихи даргузашт 29 июн 2013(2013-06-29) (77 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ санъат
Ҷойҳои кор Институти шарқшиносии АИ СССР, Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов
Ҷоизаҳо Арбоби ҳунари Тоҷикистон

Муқаддима Ашрафӣ (5 июни 1936, Тошканд, ҶШС Ӯзбекистон — 29 июни 2013, Душанбе, Тоҷикистон) — олим, санъатшинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ (1986), профессор (1993). Арбоби ҳунари Тоҷикистон. Духтари санъатшинос Мухтор Ашрафӣ. Завҷаи олими ховаршинос Камол Айнӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муқаддама Мухторовна Ашрафӣ 5 июни соли 1936 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Духтари Мухтор Ашрафӣ, Завҷаи олими ховаршинос Камол Айнӣ аст. Хатмкардаи мактаби мусиқии шаҳри Тошканд (1954) ва шуъбаи таърихи санъати Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1959). Солҳои 1959—1961 ва 1970—1972 дар Институти шарқшиносии АИ СССР кор кардааст. Солҳои 1962—1970 корманди илмии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Аз соли 1972 корманди илмии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Муқаддама Ашрафӣ 29 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшидааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муқаддама Ашрафӣ фаъолияти худро аз таҳқиқи минётураҳои мусаввирони тоҷик шурӯъ намуда, бештар минётураҳои асарҳои Абдурраҳмони Ҷомиро тадқиқ кардааст. Соли 1966 нахустин китоби Ашрафӣ «Миниётураҳои асри XVI дар асоси осори Ҷомӣ», ки дар китобхонаҳои ИҶШС маҳфузанд дар ҳамкорӣ бо нашрияи «Советский художник» ва мутахассисони нашриёти Лейпсиги Олмон интишор ёфт. Охири с-ҳои 60 ва аввали 70 садаи XX ӯ ба омӯзиши ҳаматарафаи мактаби минётураи Бухорои с-ҳои 40 — 70 асри XVI ва мусаввараҳои ба дастнависи асарҳои классикони адабиёти асримиёнагии тоҷик эҷодкардаи рассомони асрҳои 14 — 18 пардохт. Асари Ашрафӣ «Аз таърихи инкишофи минётуранигории Эрон дар садаи XVI» (1978) аз боби мактабњои минётураи Табрезу Қазвин, Машҳаду Шероз маълумот медињад. Ашрафӣ дар давоми фаъолияташ ба тадқиқи масавварањои рассоми бузург Беҳзод машғул шудааст. Соли 1969 дар симпозиуми ЮНЕСКО оид ба санъати замони темуриён дар мавзӯи «Роҷеъ ба усулҳои ҳандасавии композитсионӣ дар минётураҳои Беҳзод» маърӯза кард. Ашрафӣ хонандагонро бо шахсияти рассоми бухороии асри XVI Маҳмуди Музаҳҳиб, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ ва дигар минётуранигорони Осиёи Миёна ошно намуд. Ӯ ҳамчун узви таҳририяи байналмилалии ЮНЕСКО «Санъати дастнависҳои Осиёи Миёна» боби «Минётураи Мовароуннаҳри асри XVI»-ро навиштааст. Асарҳояш дар нашрияҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Дар симпозиуму конфренсияҳои байналмилалӣ оид ба санъат дар Полша, Франсия, Англия, Ирландия, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Гонконг, ИМА, Урдун ва ғ. иштирок ва суханронӣ кардааст. Ашрафӣ либретто низ навиштааст. Либреттои балетҳои «Темурмалик» (1972), «Муҳаббат ва шамшер» ва ораторияи «Достони Рустам» (1974) ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки дар театрҳои Душанбею Тошканд ва Самарқанд ба саҳна гузошта шудаанд. Баъд аз пошхӯрии ИҶШС Муқаддама Ашрафӣ дар ҷаҳон шуҳратманд гардидааст: Ӯро ба узвияти Ассотсиатсияи эроншиносони Аврупо", Ҷамъияти аврупоии тадқиқи Осиёи Миёна (2001) ва ҷаъияти форсизабонони ИМА қабул намудаанд. Соли 2004 аввалин олими хориҷие гардидааст, ки академики ифтихории Фарҳангистони санъати Эрон гардидааст. Соли 2011 асарҳои нави санъатшинос: «Таджикская миниатюра. Бухарская школа XVI—XVII веков» ва «Таджикская миниатюра: от Бехзада до Риза-йи Аббаси» нашр гардидаанд.[1]

  • Миниатюри XV века в рукописах произведений Джами. — М., 1966;
  • Персидско-таджикская поэзия в миниатюрах XIV—XVII в. — Д., 1974;
  • Бухарская школа миниатюры 40 — 70 гг. XVI в. — Д., 1977;
  • Из истории развития миниатюрной живописи Ирана XVI в. — Д., 1978;
  • Бехзод и развитие бухарской школы миниатюры XVI в. — Д., 1987;
  • Самаркандская школа миниатюры XVI—XVII вв. — Д., 2000;
  • Таджикская миниатюра: от Бехзада до Ризай-и Аббаси. — Д., 2011;
  • Таджикская миниатюра. Бухарская школа XVI—XVII вв. — Д., 2011.[2]
  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, — С.15-18
  2. Из жизни ушла М. Ашрафи, открывшая миру красоту средневековой таджикской миниатюры. 5 июни 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 ноябри 2017.