Николас Кейҷ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Nicholas Cage
Николас Кейҷ
Зодрӯз 7 январ, 1967
Зодгоҳ {{{Зодгоҳ}}}

Nikolas Keyj (англисӣ: Nicholas Cage; номи аслияш Николас Ким Коппола, англисӣ: Nicholas Kim Coppola) дар шаҳри Лонг Бичи иёлати Калифорния ба дунё омадааст. Аҷдоди падараш итолиёвӣ ва аҷдоди модараш англису олмонӣ мебошанд. Падари ӯ Август Флойд Коппола, профессори адабиётшинос, ки бародари коргардони машҳур Фрэнсис Форд Коппола аст ва модараш Ҷой Вогелсанд мебошанд.

Кейҷ, ки ҳаммактаби чунин ситорагони оянда аз қабили Алберт Брукс, Анҷелина Ҷолӣ, Леннӣ Кравитс, Слэш, Роб Рейнер ва Дэвид Швиммер буд, аз хурдӣ ба санъати синамо шавқи беандозае дошт. Нақши аввалини ӯ дар саҳначаи мактабии “Писараки Тиллоӣ” буд.

Барои он ки одамон нагӯянд, ки ӯ аз номи амакаш истифода бурд, вай номашро ҳанӯз дар оғози карйерааш аз Коппола ба Кейҷ табдил дод. Николас номи навашро аз номи қаҳрамони филмҳои мазҳакавии он давр Люк Кейҷ гирифт. Ҳарчанд ки филми аввалини ӯ — “Лучшие времена “/ Best Of Times буд, Кейҷро филми — “Лихие времена в Риджмонд Хай” / Fast Times at Ridgemont High машҳур гардонид, ки дар он ӯ бо ҳамроҳии Шон Пенн нақш офарида буд. Кейҷро ду маротиба ба ҷоизаи Оскар пешниҳод карданд ва ӯ як дафъа барои нақши майпарасти худкушикунандаро бозиданаш дар филми “Покидая Лас-Вегас” / Leaving Las Vegas ба ин ҷоиза сазовор дониста шуд.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]