Милла Йовович

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Milla Jovovich
Милла Йовович
Milla Jovovich CC.JPG
Зодрӯз 17 декабр, 1975
Зодгоҳ Киев, ИҶШС

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Милла Йовович 17 декабр и соли 1975 дар шаҳри Киев дар оилаи духтури кӯдакон Боргӣ Ҷовович ва ҳунарпешаи машҳури шӯравӣ Галина Логинова ба дунё омадааст. Даврони кӯдакии ӯ дар Москва ва Лондон , ки падараш дар он ҷо таҷрибаомӯзӣ мекард, гузаштааст. Милла дар ИҶШС ҳамагӣ 5 сол зиндагӣ кардааст. Соли 1979 оилаи онҳо ба шаҳри Сакраменто и ИМА мекӯчад. Дар он ҷо ҳамаи аъзои оила маҷбур мешаванд, ки забони англисиро аз бар кунанд. Милла дар синни 11 солагӣ дар муқоваи маҷаллаи итолиёвии «Lei» мебарояд. Чанде пас аксбардори машҳури амрикоӣ Ричард Аведон ба ӯ пешниҳод менамояд, ки дар маҷаллаи «Mademoiselle» суратхояшро ҷойгир кунад. Вале муҳаррири маҷалла пас аз фаҳмидани синну соли Йовович ин корро рад мекунад. Танҳо бо миёнаравии Аведон суратҳои Милла дар ин маҷалла мебароянд. Дар он сол сурати Милла дар муқоваи 15 маҷалла баромад. Баъд аз он Милла Йовович бо ширкатҳои машҳур Revlon, Hugo Boss, Guess, Calvin Klein ҳамкорӣ мекунад. Ҳаққи хидмати ӯ то ба 3 ҳазор доллар дар як рӯз мерасад. Аз соли 1998 Милла симои ширкати L'Oreal мебошад. Маротибаи аввал Йовович дар кино дар филми Залман Кинг «Слияние двух лун» (1988) иштирок варзидааст. Ӯ он вақт 13-сола буд. Дар синни 15 –солагӣ нақши асосиро дар флими «Возвращение в голубую лагуну» (1991) бозӣ мекунад. Соли 1992 дар филми «Чаплин» нақши зани Чарлӣ ЧаплинМилдред Ҳаррис ро меофарад. Дар вақти ба наворгирии «Под кайфом в смятении», Йовович бо ҳунарпеша Шон Эндрюс шинос мешавад. Онҳо моҳи октябри соли 1992 оиладор мешаванд, вале пас аз як моҳ ҷудо мешаванд.

Милла Йовович дар Кинофестивали Канн. соли 2006

Соли 1994 Милла нахусталбоми сурудҳояш «The Divine Comedy» («Мазҳакаи илоҳӣ»)-ро мебарорад, ки дар он суруди халқии украинӣ «Ой у гаю при Дунаю» («In a Glade») низ буд. Йовович бо гурӯҳаш «Plastic Has Memory» ба Аврупову ИМА ба сафари ҳунарӣ мебарояд. Соли 1996 ӯ ба кино бармегардад ва дар кастинги филми коргардон Люк Бессон «Пятый элемент» иштирок меварзад. Пас аз чанд муддат Милла ба Бессон ба шавҳар мебарояд. Соли 1999 ӯ дар нақши Жанна Д`Арк дар филми дигари Бессон нақш меофарад ва худи ҳамон сол аз ӯ ҷудо мешавад. Соли 2000 филм бо иштироки Йовович ва Мел Гибсон«Отель „Миллион долларов“» (коргардон Вим Вендерс) баромад. Он дар фестивали Канн ҷоизаи «Хирси тиллоӣ»-ро соҳиб шуд. Дар солҳои минбаъда, Милла дар се филми коргардон Пол Андерсон «Обитель зла» иштирок мекунад. Моҳи марти соли 2006 триллери «Ультрафиолет» ба экранҳо баромад.


Филмҳо бо иштироки Милла Йовович[вироиш]

Слияние двух лун en:Two Moon Junction

Ночной поезд в Катманду The Night Train to Kathmandu

Возвращение в голубую лагуну Return to the Blue Lagoon

Каффс Kuffs

Чаплин Chaplin

Под кайфом в смятении Dazed and Confused

Пятый элемент en:The Fifth Element

Его игра en:He Got Game

Жанна д'Арк en:The Messenger: The Story of Joan of Arc

Отель миллион долларов en:The Million Dollar Hotel

Золотая пыль en:The Claim

Образцовый самец Zoolander

Кукла en:Dummy

Обитель зла en:Resident Evil

Дом на Турецкой улице The House on Turk Street

Ну, ты и придурок! You Stupid Man

Обитель зла: Апокалипсис en:Resident Evil: Apocalypse

Ультрафиолет en:Ultraviolet

45-й калибр

Обитель зла - 3 en:Resident Evil: Extinction


Эзоҳ =[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]