Портал:Таърих
Портали Таърих
Таърих - илм дар бораи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият ва сивилизатсия мебошад. бештар...
Мақолаи барҷаста
Лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Чин
Июни соли 2006 дар рафти ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Шанхай (Чин) дар бораи маблағгузории се лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон ба миқдори $ 603,5 млн. шартнома ба имзо расид:
- Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Айнӣ– Шаҳристон – Истравшан – Хуҷанд – Бўстон – Чанак (сарҳади Ўзбекистон) , ки 411 км дарозӣ дорад ва накби (тоннели) Шахристон. Роҳи автомобилгард пойтахти мамлакат Душанберо тамоми сол бо нохияхои Тоҷикистони Шимоли мепайвандад;
- Сохтумони хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500кВт) , ки 350 км. дарози дорад;
- Сохтумони хати баландшиддати барқии «Лолазор – Хатлон» (ЛЭП – 220кВт) .
Хароҷоти умумии лоиҳаҳо - $ 640 млн. Аз ҷумла: $ 603,5 млн. саҳми Ҷумҳурии Халқии Чин, $ 36,5 млн. дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон солҳои 2006-2011 амали шудаанд.
Тоҷикистон ва Россия
16 феврали соли 2005 барои сохтани НБО Сангтӯда – 1 ҷамъияти муштараки саҳҳомии Русияю Тоҷикистон – «НБО Сангтӯда – 1» бо иштироки Компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бунёд шуд. Хароҷоти умумии сохтумон – $ 482 млн. муайян гардид. 75% саҳмияҳо аз Русия («ЕЭС Русия») ва (25%) аз Ҳукумати Тоҷикистон аст.
20 январи соли 2008 агрегати якўм ва июли соли 2009 агрегати охирин – чаҳоруми НБО Сангтӯда – 1 ба истифода дода шуд. Иқтидори нерўгоҳ - 670 меговатт, иқтидори солонааш 2,7 млрд. кВт ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад.
Тоҷикистон ва Эрон
20 феврали соли 2006 маросими сохтмони НБО Сангтӯда – 2 оғоз гардид, ки иқтидори 4 агрегати он - 220 меговатт мебошад. Хароҷоти умумии сохтумон – $ 220 млн., Аз ҷумла: $ 180 млн. саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон, $ 40 млн. дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сентябри соли 2011 агрегати якӯм ба истифода дода шуд ва баҳори соли 2012 агрегати охирин – дуюми НБО Сангтӯда – 2 ба истифода дода мешавад.
Ба ивази саҳми гузошташуда ва сохтани ин нерӯгоҳ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, баъди ба истифода додани,нерӯгоҳ, барқи онро 12,5 сол истифода мебарад. (инро методи «Биотӣ» меноманд).
Баъди ба итмом расидани 12,5 сол, истифодаи барки НБО Сангтӯда – 2 пурра ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. [1][2]
Нерўгоҳи барқии обии Роғун
15 апрели соли 2008 Оинномаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд. Аз ҳисоби буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 барои сохтумони Нерўгоҳи барқии обии Роғун $50 млн., соли 2008 – 130 млн. сомонӣ, соли 2009 – 533 млн. сомонӣ, соли 2010 – 650 млн. сомонӣ ($148 млн.)ҷудо гардидааст.Соли 2010 саҳмияҳои «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» ба фуруши озод бароварда шудаанд ва ба миқдори $187 млн. фурухта шудаанд. Маблағи пулии саҳмияҳои «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» дар бонкҳои мамлакат ҷойгир карда шудаанд.[3]
Ташаккули воситаҳои замонавии алоқа
Дар солҳои 90 асри XX истифодаи алоқаи телефонӣ барои аз 2 то 8% ба 100 нафар аҳоли дастрас буд. Баъд аз ба охир расидани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аввалин қадамҳо барои азнав кардани системаи алоқаи телефонӣ ва рақами (цифровая) намудани он гузошта шуд. Соли 1998 аввалин маротиба дар Душанбе пайвасткунаки рақамӣ (цифровой комутатор) барои 2500 муштарӣ ва соли 1999 ба 10000 муштариён ба кор даромад. Соли 2003 стансияи телефонии Қургонтеппа, соли 2004 Хӯҷанд ва соли 2005 Хоруғ, Кулоб, Турсунзода ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба системаи пайвасткунаки рақамӣ гузаштаанд. Системаи мобилии алоқаи телефонӣ дар Тоҷикистон аз соли 1996 инкишоф меёбад. Аввалин ширкате, ки ба бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон дохил шуд ин СП "ТоҷикТел" буд. Соли 1998 дар Хӯҷанд СП "Сомонком" хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон бо стадарти GSM сар кард. Имрӯз, ширкатҳои гуногун хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон ба сомон расонида истодаанд. Шумораи муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон зиёда аз 5 млн. аст.
Соли 1998 хизматрасонии Интернет аз ҷониби ширкати "Телеком - Технолоджи" ташкил карда мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 12 интернет-сервис провайдерхо ба монанди "ТоҷNET","Beeline","Индиго" "Мегафон - Тоҷикистон" ва диг. хизматрасониро баҷо меоваранд.[4]
Пайнавиштҳо
- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
- ↑ Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
- ↑ Ғафуров Ғ. Аз таърихи ба вуҷуд омадани сисстемаи замонавии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон//Конфронси ипмӣ-назаривӣ, бахшида ба 20-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе,2011, с.82-83.
Акси барҷаста
Зиндагиномаи барҷаста
Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Садриддин Айнӣ (с.1878 – 1954) - Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумњурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Нусратулло Махсум Лутфуллоев (с. 1881 – 1938) - Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. С.1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, с.1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур (с.1899 – 1937) - Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. С.1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, с. 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Бобоҷон Ғафуров (с.1909 – 1977) - Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якўми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Мирзо Турсунзода (с.1911-1977) -Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тољикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, такроран солҳои 1999 ва 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]- ↑ Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
Шахсиятҳои барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аббос Алиев - вазири аввалини маорифи Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон. Солхои хаёт 1899-1958. Иштирокчии сарнагун намудани аморати Бухоро соли 1920. Соли 1922 Каҳрамони Ҷумхурии Халқии Бухоро.Солҳои 1924-1927 назири маориф ва аъзои Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон. Солҳои таҳсил дар Институти шарқшиносии ш. Москва. Солҳои 1933-1935 аввалин профессори тоҷик дар Донишгоҳи Осиёимиёнагии ш.Тошкент. Солҳои 1935-1939 бадаргашавӣ (дар натиҷаи тӯҳмати милатгароёни ӯзбек) ҳамчун "миллатчии буржуази". Соли 1938 аз бадарга озод шудааст. Солҳои 1939-1947 профессори Донишкадаи омузгории ш. Сталинобод - Душанбе. Соли 1947 сохиб шудан ба унвони илмии дактори илми таърих - аввалин доктори илм аз байни точикон. Солҳои 1948-1958 тарк намудани Точикистон ва давом додани фаъолият дар мактабхои олии Бишкек,Владикавказ,Алмаато. Соли 1958 дар ш. Алмаато дафн карда шудааст.
Оё шумо медонед...?
«НБО Сангтўда – 1»
16 феврали соли 2005 барои сохтани «НБО Сангтўда – 1» аз тарафи компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва вазорати энергетикаи Тоҷикистон ҷамъияти саҳҳомии Русияю Тоҷикистон – «НБО Сангтўда – 1» бунёд шуд. Хароҷоти умумии сохтмон – $482 млн. муайян гардид. 75% саҳмияҳо аз Русия («Интер РАО ЕЭС»),25% аз Ҳукумати Тоҷикистон аст. Апрели соли 2005 сохтмони нерўгоҳ оғоз гардид. 15 декабри соли 2006 дар ҷои сарбанди ин нерўгоҳ маросими бастани дарёи Вахш, бо роҳи тарконидани соҳилҳо барпо гардид. 20 январи соли 2008 агрегати якўм ва июли соли 2009 агрегати охирин – чаҳоруми «НБО Сангтўда – 1» ба кор дароварда шуд. Иқтидори нерўгоҳ 670 меговатт, иқтидори солонааш 2,7 млрд кВт/ соат ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад.
Рӯзи Парчами Тоҷикистон
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 маи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.[1]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 маи соли 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати "Рўзи парчам" аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт:
Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.[1]
- ↑ Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи парчам http://www.president.tj/habarho_231110.html
Истиқболи «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили «Рӯзи парчами Тоҷикистон» гузаронида шуд.
30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷахон мебошад (хамчун рекорди Гиннес сабт шудааст).
9 сентябри соли 2011, рӯзи таҷлили 20 - солагии Истиклолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг. гузаронида шуд.
|
|
Ахбори Таърих
Порталҳои алоқаманд
Таърих
Гурӯҳҳо
Шахсиятҳои таърихӣ
ЗАРДУШТ - паёмбари дини зардуштӣ, дар асрҳои VII-VI то милод зиндагӣ кардааст.
Куруши Кабир - асосгузори шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо, солҳои 550-530 то милод ҳукмронӣ кардааст.
Малика Томирис - сарвари қабилаҳои сакои соли 530 то милод лащкари Курушро шикаст додаст.
Спитамен - сарвари шўриши озодихоҳӣ дар Суғд зидди Искандари Макдунӣ(юнониён) дар солҳои 329-328 то милод
Аршак - (с. 250 то милод) - ба сари қудрат омадани асосгузори давлати сулолаи Ашкониён (Порт, Парфия)
Ардашери Бобакон (с. 224-242) – солҳои ҳукумронии асосгузори давлати Сосониён
Вахшунвар (нимаи дуюми асри V) – ҳукумронии асосгузори давлати Ҳайтолиён(Эфталитҳо)
Маздак - асосгузори равия ва ҳаракати маздоия ( маздакия) дар давлати Сосониён дар охири асрҳои Y ва ибтидои YI .
Муҳаммадс.а.с. (с. 570-632) - солҳои зиндагии паёмбари дини ислом, асосгузори Хилофати Араб
Деваштич - ҳокими Панҷакент, сарвари шўриши озодихоҳии солҳои 720-722 бар зидди арабҳо дар Суғд
Абўмуслим - сарвари ҳаракати халқии солҳои 747-750 зидди халифаҳои сулолаи Уммавии араб
Муқаннаъ(Ҳошим ибни Ҳаким) - сарвари шўриши озодихоҳии солҳои 776-783 зидди арабҳо дар Мовароуннаҳр.
Нўъмон ибни Собит Абу Ҳанифа «Имоми Аъзам» (с. 699-767) – олими фақеҳ, асосгузори мазҳаби ҳанафия дар дини ислом.
Муҳаммад ибни Исмоил «Имом ал – Бухороӣ» (с. 810-870) - муҳадис, муаллифи ҳадисҳои саҳеҳ дар бораи Муҳаммад с.а.с ва саҳобаҳо.
Тоҳир ибни Ҳусейн (с. 821-822) - солҳои њукумронии асосгузори давлати Тоҳириён дар Хуросон
Ёқуб ибни Лайс (с. 873-879) - солҳои ҳукумронии асосгузори давлати Саффориён дар Хуросон
Сомон Худот (охири асри VIII- ибтидои асри 1Х) – ҳаёти сарсилсилаи сулолаи Сомониён
Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ(с. 892 – 907) - солҳои амирии асосгузори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, амири давлати Сомониён, (Мовароуннаҳр ва Хуросон)
Абўабдуллоҳ Рўдакӣ (с. 858-941) - солҳои ҳаёти сардафтари адабиёти форсӣ - тоҷикӣ
Абубакр Закариёи Розӣ (Разес – ба заб. лотинӣ) - (с. 865-925) – солҳои ҳаёти олими энсиклопедисти тоҷик, муаллифи «Ал-Хави» -30 ҷилд ва «Тибби Мансур» - 10 ҷилд.
Абўали ибни Сино (Ависена – ба заб. лотинӣ) (с. 980-1037) - солҳои ҳаёти олими энсиклопедисти тоҷик, муаллифи «Ал - Қонун фи Тиб» - 5 ҷилд.
Абулқосим Фирдавси (с. 934-1020) - солҳои ҳаёти муаллифи достони «Шоҳнома»
Абуабдулло Джайхони (с. 914-922) - солҳои вазирии олими ҷуғрофишинос, муаллифи «Ашкол ул - Олам», дар дарбори Насри II Сомонӣ
Абулфазли Балъамӣ (с. 922-939) - солҳои вазирии олими бомаърифат дар дарбори Насри II Сомонӣ.
Аллоудин Ҳусейни Ғурӣ (с. 1149-1156) - солҳои ҳукмронии асосгузори давлати точикони Ғур дар Хуросон
Шамсиддини Муҳаммади Курт (с. 1245-1278) - солҳои ҳукмронии асосгузори давлати Куртҳои Ҳирот
Абубакри Наршахи (с. 899-959) - солҳои ҳаёти олими таърихнигор, муаллифи китоби «Таърихи Бухоро»
Низомулмулк (с. 1063-1093) - солҳои вазирии муаллифи китоби «Сиёсатнома» дар давлати Салҷукиёни турк.
Малик Санҷар - сарвари шўриши халқии солҳои 1206-1207 бар зидди феодалон (садрҳо)-и Бухоро
Темурмалик - сарлашкари тоҷик, сарвари мудофиаи Хўҷанд аз муғулҳо солҳои 1220-1221
Маҳмуди Торобӣ - сарвари шўриши халқии соли 1238 бар зидди муғулҳо.
Мавлонозода - сарвари њаракати «сарбадорон» солҳои 1365-1366 дар Самарқанд
Аҳмади Дониш (с. 1826-1897) - солҳои ҳаёти асосгузори афкори «маорифпаварӣ» дар Осиёи Марказӣ
Восеъ - сарвари шўриши халқии соли 1888 бар зидди тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ.[1]- ↑ Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Садриддин Айнӣ (с.1878 – 1954) - Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумњурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Нусратулло Махсум Лутфуллоев (с. 1881 – 1938) - Ходими давлатӣ .С.1924-1926 раиси Кумитаи инқилобӣ, с.1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШСТ. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур (с.1899 – 1937) - Ходими давлатӣ. С.1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШСТоҷикистон, с. 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Бобоҷон Ғафуров (с.1909 – 1977) - Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якўми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Мирзо Турсунзода (с.1911-1977) -Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тољикистон ва байналмилалии ба номи Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Эмомалии Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, такроран солҳои 1999 ва 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]- ↑ Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
Ситатаҳо
Мавзӯъҳои Таърих
Коре, ки Шумо метавонед кард
Викилоиҳаҳо
Номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ
Айиряна Ваеҷаҳ, Орёвиҷ (аз заб. авестои – «фазо, ё доманаҳои Ориё») – маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои (кишвари) ориёиҳо.
Ориён – (аз номи қабилаи айиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили чапи Сирдарё, сипас, заминҳои соҳили чапи Амударё, сарзамини имрўзаи Туркманистони ҷунубу ғарбӣ, Афғонистону Эрон.
Турон - (аз номи қабилаи туйиря) – кишвари ориёиҳо, заминҳои соҳили рости Амударё доманакўҳҳои Тиёншону Помир, Ҳафтруд, Ќазоќистон ва Урали ҷанубӣ. бештар...
Окс (аз лотинӣ), ҷайҳун(аз арабӣ) – Амударё.
Яксарт(аз лотинӣ), Сайҳун(аз арабӣ) – Сирдарё.
Хуросон – кишварест, ки аз асри III-IV дар давлати Сосониён мавриди истифода қарор гирифта дар маънои васеи калима сарзамини Эрону Афғонистони имрўза ва Вароруд-Мовароуннаҳрро, ки сокинонаш форсизабон буданд дар назар дошт. Минбаъд ин истилоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи дарёи Аму-Вахш, имрўза Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарқӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешавад.
Вароруд (Варазруд) – сарзамини байни дарёҳои Аму ва Сир. Номгузории форсии кишвар то забти арабҳо.
Мовароуннаҳр (аз заб. арабӣ – «он сўи дарё» - и Аму) – кишварест дар қисми рости Амударё, имрўза Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистони щарқӣ ва Ќирғизистон, ки дар асри YIII аз тарафи Хилофати Араб забт шудааст.
Аҷам – кишвари аҳолиаш форсизабон, яъне Хуросон ва Мовароуннаҳр.
Тахористон – мамлакатест, ки дар ду соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буд, сарзамини имрўзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистону Ўзбекистони ҷанубӣ.
Чағониён – мулкест дар поёноби дарёи Чағонруд (Сурхондарё).
Ќубодиён - мулкест дар соҳили ҷанубии дарёи Ромид (Кофаниҳон).
Вахш – мулкест дар водии дарёи Вахшаб (Вахш).
Хуттал - мулкест дар водии байни дарёи Вахш ва Панҷ бо шаҳрҳои бостонии Хулбук ва Мунк. Дар асри IX ба ҳайати Хуттал мулкҳои Ќабодиён, Вашгирд ва Вахш тобеъ буданд.
Вашгирд – мулкест дар болооби дарёи Кофарниҳон, сарзамини имрўзаи ноҳияи Файзобод.
Рашт – мулкест дар водии Ќаротегин, сарзамини имрўзаи гурўҳи ноҳияҳои Рашт.
Кумед - мулкест дар болооби дарёи Вахш, сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Дарвоз, Ванч ва Бадахшони шимолӣ.
Каран - мулкест дар сарзамини имрўзаи ноҳияи Дарвоз.
Вахон - мулкест дар водии Вахондарё, сарзамини имрўзаи ноҳияи Ишкошим.
Шикинан - мулкест дар, сарзамини имрўзаи ноҳияи Шуғнон.
Бадахшон - мулкест дар соњили ғарби ва шарқии дарёи Панҷ , музофоти имрўзаи Бадахшони Афғонистон.
Шуман - мулкест дар байни дарёи Кофарниҳон ва Хонаќои водии Ҳиссор.
Аҳорун - мулкест дар ду тарафи дарёи Ќаротоғи водии Ҳиссор.
Фарғона - мулкест дар водии Фарғона, ки дар сарзамини имрўзаи Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Ќирғизистон ҷойгир аст.
Истаравшан - мулкест дар байни Сирдарё дар шимол ва қаторкўҳи Ҳиссор дар ҷануб ҷойгир шудааст. Сарзамини имрўзаи ноҳияҳои Истаравшан ва Шаҳристон.
Шош ва Элок - мулкест дар байни дарёи Чирчиқ ва Элок, дар имрўза вилояти Тошканди Ўзбекистон
Исфиҷоб - мулкест дар водии дарёи Арыси Ќирғизистон.
Кеш - мулкест дар водии Ќашқадарё, дар имрўза вилояти Шаҳрисабзи Ўзбекистон.
Хоразм – мулкест, ки дар асрҳои миёна дар резишгоҳи Амударё ҷойгир буд. Сарзамини имрўзаи вилояти Хоразми Ўзбекистон.
Марв - мулкест дар водии дарёи Мурғоби имрўза Туркманистони ҷанубӣ.
Ҳирот - мулкест дар болоби дарёи Ҳарируди имрўза Афғонистони шимолу ғарбӣ.
ғур - мулкест дар болоби дарёҳои Ҳарируд ва Ҳилманд, дар имрўза Афғонистони шимолӣ.
Балх - мулкест дар соҳили ғарбии дарёи Панҷ, музофоти имрўзаи Балхи Афғонистон.
Ҷузҷон - мулкест дар водии дарёи Шибирғони имрўза Афғонистони шимолӣ.
Туркистон – дар асрҳои миёна зери ин номгузорӣ сарзамини қисми шимолии Сирдарё то доманакўҳҳои Олтой дар назар дошта мешавад.
Туркистони шарќӣ - сарзамини имрўзаи қисми шимолу шарқии Хитой(Чин).
Дашти Ќипчоқ - сарзамини имрўзаи даштҳои Ќазоқистон, Сибири ҷанубӣ ва дашту доманакўҳҳои Олтой.
Бухорои Шарќӣ - сарзамини имрўзаи Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ, ки дар асрҳои XYIII ва ибтидои XX ба ҳайати аморати Бухоро дохил буданд.
Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1924. Душанбеи имрўза аз руи бозёфтҳои бостоншиносон аз асрҳои XV – XVI арзи ҳастӣ намудааст.
Осиёи Миёна – истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XX нисбати ҷумҳуриҳои шўравии Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Ќирғизистон истифода бурда мешуд.
Осиёи Марказӣ - истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XXI нисбати сарзамини имрўзаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Ќирғизистон ва Ќазоќистон истифода бурда мешавад. Дар маънои васеи калима, инчунин Афғонистон, Эрон ва Покистон дар назар дошта мешавад.[1]- ↑ Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010