Сармад
Гадобой Ӯзбеков | |
Таърихи таваллуд: | 21 март 1947 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1994 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Сармад (Гадобой Ӯзбеков; 21 март 1947, Ғазза, вилояти Суғд — 1994, Панҷакент, вилояти Суғд) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гадобой Ӯзбеков 21 марти соли 1947 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилро идома медиҳад.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз намуда, баъдан мухбир, аз ҷумла дар рӯзномаи «Газетаи муаллимон» шеър менавишт.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷоди Сармад саршори дард ва ормонҳои замони худ буд. Китобхояш «Ашки шафак», «Вожахои сияҳпӯш» ва «Хобҳои офтобӣ» пас аз маргаш нашр шуданд.
Намунае аз ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Тоҷикистон сарнавишти ишқи сӯзони ман аст,
Зарраи хоки азизаш, доруи ҷони ман аст.
Дар бари гаҳвораи сангаш фароғат ёфтам,
Тахтасанги кӯҳсораш, тахти Сомони ман аст.
Сӯиқасд ва даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ ҳаргиз дар сиёсат иштирок накард. Баъди пирӯзии ҳукумати қонунӣ ба деҳа рафт ва баъди ду сол баргашт. Дар ин вақт манзили ӯ ишғол карда шуд[1]. Сармад омада манзилашро баргардонад, 18 октябри соли 1994 аз ҷониби афроде латукӯб гардида, баъди ду моҳ дар беморхонаи Панҷакент даргузашт[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Погибшие журналисты. www.gdf.ru. 20 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2023.
- ↑ УЗБЕКОВ Гадобой. centrasia.org. ЦентрАзия. 20 марти 2023 санҷида шуд.