Сафарбек Солеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сафарбек Солеҳ
Сафарбек Солиев
Таърихи таваллуд: 15 сентябр 1959(1959-09-15)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 19 июл 2021(2021-07-19) (61 сол)
Маҳалли марг: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: филмноманавис, коргардон
IMDb: ID 2114403

Сафарбек Солиев (15 сентябри 1959, Душанбе — 19 июли 2021, Душанбе) — коргардон, филмсоз, шоир ва филмноманависи шинохтаи тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафарбек Солеҳ 15 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст[1]. Соли 1980 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли 1993 Курсҳои олии сенариянависон ва коргардонҳо дар ш. Москва, семинари Г. И. Полока (дипломи директори филмҳои бадеӣ ва бадеӣ). Соли 2004 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Қирғизистон, Бишкек хатм кардааст. Аз соли 1980 ӯ ба ҳайси коргардон ва филмноманавис, муаллиф ва коргардони зиёда аз 20 филми мустанад ва 2 филми бадеӣ мебошад. Иштирокчӣ ва ғолиби кинофестивалҳои байналмилалӣ дар Алма-Ато, Теҳрон, Рим, Берлин, Нант, Париж, Москва, Санкт-Петербург, Истанбул, Деҳлӣ ва ғ.

Филмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин филми ӯ бо номи «Жакон» аз рӯзгори гуруғлихони маъруф Ҳикмат Ризо соли 1988 ҷоизаи Ҷашнвораи филмҳои мустанади Порисро гирифт. Дар филмҳои баъдии «Ашагулон» ва «Ба номи Ҳурмузд» эҷодиёти ӯ оҳанги қавии иҷтимоӣ гирифт ва бо тасвири чеҳраҳои маъруфи фарҳангу сиёсат ба сарнавишти таърихии тоҷикон гиреҳ хӯрд. Дар чанд ҷашнвора филми ӯ «Комил», ки ба нахустин филмсози тоҷик ва Осиёи Марказӣ Комил Ёрматов бахшида шудааст, аз дастовардҳои муҳимаш шумурда шуд. Ҷашнвораи «Дидор» дар Душанбе соли 2014 бо ин филм оғоз ёфт. Сипас «Комил» дар даҳҳо кишвар ба намоиш даромад. Худи ӯ он вақт дар бораи намоиши ин филм ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин филм ба русӣ буд ва баъди ҷашнвораи «Дидор» нахустнамоиши он дар Маскав доир мешавад. Он ҷо 3 намоиши мушаххас мешавад. Баъдан дар Алмаато, Тошканд ва Ню-Йорк намоиш дода мешавад. Филми охирини Сафарбек Солеҳов «Нисор» ба корномаи Нисор Муҳаммад, нахустин вазири маорифи Тоҷикистон бахшида шуд, ки дар таъқиботи сталинӣ, дар соли 1937 бо айбномаи сохта кушта шуд. Муаллифи зиёда аз 20 филми ҳуҷҷатӣ, Сафарбек Солеҳов дар оғози солҳоио 2000 филми ҳунарии пурраметражи «Тақвими интизорӣ»-ро ба навор гирифт, ки аз мушкилоти пасоҷангии тоҷикон ва фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳикоят меккунад. Дар ин филм Сафарбек нақши корчаллонеро бозидааст, ки бо тақсим кардани пулу калуш дар интихобот пирӯз ва узви порлумон мешавад. Сафарбек Солеҳов масъули бахши робита бо ҷомеаи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон буд.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафарбек Солеҳ 19 июли 2021 пас аз чанд рӯзи гирифторӣ ба бемории вириуси куроно, дар синни 62-солагӣ даргузашт[1].

Филмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1988 — «Жакон», «Kобус», «Ашаглон», «Дар ватани қаҳрамони халқӣ»
  • 2005 — «Тақвими интизорӣ»
  • 2007 — «Нусур»

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]