Улфатмо Мамадамбарова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Улфатмо Мамадамбарова
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 10 март 1937(1937-03-10)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 май 2024(2024-05-05) (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо

Улфатмо Мамадамбарова (10 март 1937, Хоруғ5 май 2024, Хоруғ) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Улфатмо Мамадамбарова соли 1967 шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Институти педагогии шаҳри Душанберо хатм намудааст, вале меҳри ҳунар боло гирифтаву чанде дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон сарояндагӣ кардаст. Си­пас беш аз сӣ сол дар дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хидмат намуд.

Сурудаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо овози ширадор сурудро бо ҷӯшу хурӯш, сами­мияту дилгармӣ адо мекард, оҳангнокии каломи мусиқиро асоси суруд­ҳои хуб ва иҷрои хуби онҳо медонист. «Ба офтоб», «Дилоро», «Зараф­шон», «Ватани номвар», «Тоҷикистон», «Рӯди дӯстӣ», «Тори ишқ», «Фа­рёди дил», «Файзи саҳар», «Лабҳои сард», «Оҳанги дил», «Кӯи ҷонон», «Масти нози Лайло», «Ёри ҷон», «Гуфтам ба чашм», «Бе ту ҳолам чун бувад», «Пайдо кард», «Офарин дил», «Боди Наврӯз», «Дар сари чаш­ма», «Нек медонам», «Ман донаму дил», «Вақти кор омадааст», «Шод бош, эй дил», «Моҳи Шуғнонам», «Бодаи лаб» номгӯи нопурраи тарона­ҳояш мебошанд[1].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Улфатмо Мамадамбарова 5 майи соли 2024 дар шаҳри Хоруғ даргузашт ва ҷанозаи ӯ дар оромгоҳи деҳаи Поршнев ба хок супурда шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мамадамбарова Улфатмо // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик (муаллиф-мураттиб Раъно Мирзоева). — Д., 2021. — С. 556. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5.