Фирӯза Раҳмонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фирӯза Раҳмонова
Таърихи таваллуд: 21 июн 1968(1968-06-21) (55 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 14050731

Фирӯза Раҳмонова (Раҳмонова Фирӯза Орзуевна; зод. 21 июн 1968, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2014).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фирӯза Раҳмонова 21 июни 1968 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1989 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм карда, дар театр-студияи «Нимҷазира» фаъолият доштааст. Чанд соли охир дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский ҳунар меозмояд[1].

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҷодкори ҷӯянда аст, хаёлоти рангин дорад, симҳои офаридааш ҳар кадоме дорои феълу характери хосанд, дар гуфтору амалиёти саҳнавӣ эътидолро риоят менамояд, ба эҳтиросот нармӣ мебахшад. «Антигона», «Утоқи хурд бо пешайвони калон», «Шаҳраки мо», «Калигула», «Ғуруб», «Рустам ва Сӯҳроб», «Субҳидами ин ҷо сокит аст», «Хоб дар шаби тобистон» намунае аз спектаклҳоанд, ки ҳунараш дар онҳо зуҳур кардааст. Муаллифи сенарияи филми бадеии «Ман тавонистам не гӯям» мебошад. Дар филми бадеии «Мо кистем?» нақши марказӣ бозидааст.

Синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2014 — «Паймон» (коргардон Муҳиддини Музаффар)
  • 2016 — «Маро бубахш» (коргардон Муҳаббат Сатторӣ)
  • 2021 — «Пайроҳаи мураббӣ» (сериал, 5 қисмат; коргардон Муҳиддини Музаффар)[2]
  • 2022 — «Дов» (коргардон Муҳиддини Музаффар)

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2014)[3] ва медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фируза Рахмонова. www.kinoart.tj. Киноарт. 9 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. Ҳалимҷон Ҷураев. “Пайраҳаи мураббӣ” дар бораи кист?. JOM (16 марти 2021). 9 ноябри 2022 санҷида шуд.
  3. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. Рӯзномаи "Садои мардум" (30 августи 2014). 9 ноябри 2022 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.