Шутк (кӯл)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шутк
Макон
Кишвар

Шутк — кӯлест дар деҳаи Ремони ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аз ду тарафи пирях ҷӯйчаҳои оби зулол ба кӯл ворид мешаванд. Вале аз ягон ҷои кӯл об берун намебарояд. Бо вуҷуди он ки оби кӯл ба ягон ҷо ҷорӣ намешавад, оби он тозаву мусаффо ва шаффоф мебошад. Ин кӯл, ки бо номи Кӯли Шутк дар шеваи мардуми деҳаи Ремон машҳур аст, дар баландии тахмин 4500 - 4700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Аз ин рӯ, дар фасли тобистон ҳам шабона болои он бо қабати тунуки ях баста шуда, рӯзона он ях об мекушояд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 123. — 470 с. (тоҷ.)