Искандаркӯл

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Искандаркӯл

Искандаркӯл - яке кӯлҳои Тоҷикистон мебошад. Искандаркӯл дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад:аз 86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Гармии об + 11,5 то + 180, зимистон ях мекунад.

Пайдоиш[вироиш]

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рўй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мављҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурўғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.

Искандаркӯл: ривоят ва ҳақиқат[вироиш]

Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон (Панҷакент, Айнӣ, Масчоҳ) гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.

Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогару офарандаи Александри Мақдунӣ (Искандари Мақдунӣ 356-323 пеш аз милод) вобаста мекунанд, ки соли 329 Осиёи Миёнаро забт кардаст.

Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё муаллифаш номаълум «Ҳудуд-ул-олам» (893) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, (Искандаркӯл)-и имрӯзаро Дарёжа чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Наќшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё »(1795) К.Ф.Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбї вазъияти муҳосира) акс кардаст. Ин номгўй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар»- маҳалла, макону дараро мефањмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искадари Кулоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимљазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кўҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.

Гарчанде «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавќеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос В.В.Бортолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «искотар» ба Искандар ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Вазиров К., Саидов М. Кӯҳистони Зарафшон. - Душанбе, 2010

Вазиров К. рӯзномаи "Ба қуллаҳои Дониш" 2013. №2.

Кеммерих А.О. «Гидрография Помира и Помиро – Алая» - М; « Мысль», 1978