Jump to content

Бӯстон (озмун)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз «Бӯстон» (озмун))

«Бӯстон» — озмуни телевизионии ҳаваскорони санъат, ки Вазорати маданият, Хонаи эҷодиёти халқ ва Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҶШС Тоҷикистон ба шарафи ҷашнҳои таърихӣ баргузор мекарданд.

Дар он сарояндагон, раққосон, латифагӯён, мазҳакагӯёни мардумӣ ҳунар ва маҳорати худро нишон медоданд. Ин мусобиқа ба воситаи телевизиони тоҷик пахш мешуд. «Бӯстон» (озмун) ҳамчун мусобиқаи ҳунарҳои фолклории мардумӣ барои рушд ва пойдории мероси суннатии мардуми тоҷик, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва равнақи бештари гурӯҳҳои ҳунарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ се «Бӯстон» (озмун) баргузор гардид.

«Бӯстон»-и 1 соли 1974 ба муносибати 50-солагии ташкилёбии ИҶШС буд. Дар он ҳаваскорони санъати аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳунари худро аз рӯйи барномаи ҳатмӣ манзури ҳакамон ва тамошогарон гардонданд. Ба воситаи ин озмун ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Д. Холов, Қ. Раҳмонов, Б. Азизов, Ш. Муҳиддинов ва дигарон бори аввал дар доираи васеи мухлисон худро муаррифӣ карданд.

«Бӯстон»-2 ба шарафи 60-солагии ИҶШС (соли 1981) баргузор шуд ва қариб як сол давом кард. Дар он 50 гурӯҳи ҳунарӣ аз рӯйи барномаи ҳатмӣ: хори бисёровоз, рақси якка, оркестри созҳои халқӣ, лапар, суруди якка, рақси халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, суруду рақси эстрадӣ, мушоира, сюитаи хореографӣ ҳунари худро нишон доданд.

«Бӯстон»-3 дар доираи Фестивали умумииттифоқии эҷодиёти халқ солҳои 1986-87 ба муносибати 70-солагии Инқилоби Октябр баргузор гардид. Дар он гурӯҳҳои ҳунарии 56 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Барномаи «Бӯстон»-3 нисбат ба «Бӯстон»-ҳои пешин рангинтару мукаммалтар буд; ба он бахшҳои бригадаи ташвиқотию бадеӣ ва намоиши комёбиҳои иқтисодию фарҳангии маҳал илова шуданд. «Бӯстон» ба ҳаёти фарҳангии мардум таъсири назаррас расонд, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо мусобиқаҳои дастаҳои ҳунарӣ ба монанди «Ғунча», «Маҳорат» ва ғ. ба вуҷуд омаданд. Дар «Б.» ҳар як шаҳр ва ноҳия метавонист берун аз барномаи аслӣ 1 ё 2 барномаи ғайриконкурсӣ дошта бошад. Ба воситаи «Б.» ҳунари мардумӣ бо санъати касбӣ наздик гардид. Дар «Б.» на танҳо ҳунарҳои мардумӣ, балки санъати касбӣ (оркестри созҳои халқӣ, хор, сюитаи хореографӣ) ҳам намоиш дода мешуданд. Аксари гурӯҳҳои ҳунарӣ дар қатори созҳои мусиқии миллӣ аз аккордеон, роял, виолончел, кларнет истифода мебурданд.

Саҳнаи «Бӯстон» нишон дод, ки халқ ба ҳунарҳои суннатии хеш — «Шашмақом», «Фалак», осори нодири мардумӣ чун «бадеҳа», «лапар», «мушоира», «байтбарак» ва ғ. алоқаманд аст ва барои эҳёву таблиғи онҳо хоҳиш дорад. «Бӯстон» ба ғанӣ гардидани барномаҳои гурӯҳҳои ҳунарӣ, такмили кори клубҳо, қасру хонаҳои маданият, маҷмааҳои фарҳангию варзишӣ дар маҳалҳои ҷумҳурӣ мусоидат кард ва ба рушди худшиносиву фарҳанги миллӣ таъсир расонд.