Jump to content

Замзам (Занд)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз «Замзам»)

«Замзам» – номи китоби сурудҳои аввалин паёмбари ростин Зардушт; 2. дар асотири Аҷаму Араб номи чашма ва ё чоҳест дар наздикии Каъба (Макка); 3. образи бадеӣ дар адабиёти форс-тоҷик.

«Замзам» аввалин китоби ҷомеъи сурудҳои ситоишии мавсимию маросимӣ, ки Зардушт тадвину таҳия намудааст. Дар сурудҳои «Замзам» тавсифи оламу коинот, табиат, ситоиши хирад, андешаи нек, пиндори нек ва волотарин армонҳои инсон таҷассум ёфта, назди ниёкони мо дар маросимҳои ниёишӣ, ёдбуди дӯстону наздикон суруда мешудаанд. Сурудаҳои «Замзам» таркибан силсилавӣ буда, дар ҷараёни иҷро вобаста ба мавзӯъ, ҷараёнгири воқеот дар чанд қисм суруда мешудаанд. Минбаъд ин сабк, равияи эҷоду иҷрои сурудҳои мавимию маросимии силсилавӣ дар замони Сосониён (222-651) маҷмӯи нави асарҳои таркибан мураккаби ҳирфаии «Каркукӣ», «Ласкавӣ», «Ароманӣ»-ро рӯи саҳна овард. Устоди ромишгарон Борбади Марвазӣ маҷмӯи силсилавии усодонаи мусиқии «Срот-и Хусравоник» («Хусравони воч»- «Сурудҳои Хусравонӣ»)-ро дар заминаи сурдҳои «Замзам» тартиб додааст.

Ризоқулихони Ҳидоят, Маҷмаъу-л-фусаҳо., Теҳрон, 1295; Ҳумоиҷ, Таърихи адабиёт дар Эрон, Табриз, 1348; Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён, Теҳрон, 1333; Диншоҳи Эронӣ, Ахлоқи Эрони бостонӣ, Бомбай, 1930; Муҳаммад Муъин, Мазди Ясно ва адаби порсӣ, Теҳрон, 1338; Таърихи Сиистон, Теҳ-рон, 1314; Баҳром Фараҳвашӣ, Фарҳанги Паҳлавик, Теҳрон, 1346; Ибни Зайла, Китоб-ал-кофӣ-ал-мусиқӣ, Бағдод, 1964; Берунӣ, Осору-л-боқия..., Теҳрон, 1341; Розонӣ, шеъру мусиқӣ ва созу овоз..., Теҳрон, 1342.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 70 ISBN 978-99947-49-13-3