Каъба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Каъба
Каъба
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:
تخطيط كلمة الإسلام.png

Ислом

Каъба (арабӣ: الكعبة «мукааб») — азизи муъминон ки намуди сохти мукаабро дорад ва дар дохили ҳавлии Масҷидулҳаром (Макка) қарор дорад.

Ин ҷойи асосие, ки мувофиқи фармони Қуръон ҳар як бандаи муъмин бояд зиёрат (ҳаҷ) кунад. Каъба аз забони арабӣ, ишораи рамзии номи ал-Байт ал-Ҳарам-ро дорад, ки маънояш «хонаи азиз» аст.

Тафсир[вироиш]

Каъба бинои чоркунҷаест, ки аз санги хокистарранг сохта ва ҳавлиаш бо сутунҳои равоқбандишуда иҳота шудааст. Дарозиаш 13 м, бараш 12 м, баландиаш 15 м мебошад. Мусулмонон Каъбаро Байтулаллоҳ (хонаи Аллоҳ), Байтулҳарам (хонаи муқаддас) ва Масҷидулҳарам (масҷиди муқаддас) меноманд.Дар кунҷи шарқии девори берунии Каъба санги муқаддас-ҳаҷаруласвад (санги сиёҳ) ҷойгир аст, ки онро «санги иброҳимӣ» низ меноманд, зеро ба ривояти динӣ гӯё Маккаю Каъбаро Иброҳиму Исмоил сохтаанд. Санг дар иҳотаи 3-4 қатор толору манораҳо гузошта шудааст. Ибтидои соли 930 пайравони фирқаи қарматия ба Макка ҳамла оварда сангро аз Каъба берун оварда, ба се тақсим карда, ба Ал-Ақсо бурданд. Баъди 20 сол санг бо талаби халифаи фотимӣ бо ҳалқаи нуқрагин пайванд ва ба ҷояш баргардонда шуд. То ислом Каъба маъбади бутҳои сершумори қабилавии арабҳо буд. Мувофиқи ривоятҳо дар атрофи Каъба зиёда аз 300 санам (асном) ва гӯри пайғамбарон мавҷуд буданд. Баъдтар ҳамаи санамҳо нест карда шуда, Каъба ҷойи асосии муқаддаси мусулмонон гардид. Дар ҳавлии Каъба чашмаи Замзам воқеъ аст. Мусулмонон уҳдадор ҳастанд, ки ҳангоми намоз ба Каъба рӯ оранд қибла ва дар тӯли зиндагӣ агар имкони молиявӣ дошта бошанд, онро боре зиёрат, (ҳаҷ) намоянд. [1]

Дар вақти ҳаҷ дар инҷо зуд зуд воқеъаҳои нохуш рӯй медиҳанд, аз сабаби фушурдани ҳамдигар одамон ҳалок мегаштанд. Ин мусибат оҳиста-оҳиста ба сахтии қоидаи зиёраткунӣ ва зарурати паҳн кардани Масҷид ал-Ҳарам овард. Яке аз ҳамин гуна паҳнкунӣ соли 1344 ҳиҷрӣ дар вақти подшоҳии Абдул Азиз ибни Абдурраҳмон шуда гузашт. Дар соли 1373 ҳиҷрӣ дар Масҷид ал-Ҳарам чароғон ва ғуборкаши барқӣ пайдо шуд. Дар натиҷаи корҳои бузурги сохтумонӣ, ки дар вақти ҳукмронии Сауди IV, Файсал ва Ҳалид идома дошт, масоҳати масҷид бо майдони гирди Каъба то 193 000 м. кв. зиёд шуд ва ғунҷоиш то 400 000 нафарро ташкил кард. Дар вақти ҳукмронии Фаҳд масҷид бо тартиби конденсионерии ҳаво, оташхомушкунӣ ва қубур таъмин гашт. Масоҳати масҷид ба 356 000 м кв. ва ғунҷоиш то 600 000 нафар расид. Соли 2007 давраи нави таъмири масҷид ибтидо гирифт, ки дар оқибати он 1,6 млн имондор метавон ҷой гиранд. Майдони гирди Каъба аз 20 метр ба 50 метр расид ва аз 52 000 то 130 000 тавофон дар як соат метавонанд дар гирди Каъба тоб хӯранд.

Сарчашма[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 296