Лалаик (суруд)
Зоҳир
(Тағйири масир аз «Лалаик» (суруд))
«Лалаик» - суруди суннатии мардуми Бадахшон.
Яке аз одатҳои анъанавии мардуми Бадахшон ин аст, ки аз ҷониби занону духтарон болои сари ҷасад суруди суннатии «лалаик» бо оҳанги нарм суруда мешавад.[1] Лалаик як навъ сурудест, ки ба монанди суруди аллаи модар сароида мешавад ва гӯё онҳо бо ин суруд майитро ба хоби абадӣ равона менамоянд. Дар ин хусус муҳаққиқ М. Шоҳҷамолов чунин овардааст: «Баъди ҷон додан болои мурда муддате матоъи сурх мепӯшонанд ва хешовандони наздик, аз ҷумлаи занону духтарон болои он навҷа мекунанд ва бо суруди ғамангезии «Лалайик» ӯро чун кӯдак алла мегӯянд» [2]