Алла
.
«Алла» — суруди навозишӣ мебошад, ки модар ҳангоми хобонидани кўдак гаҳвораро оҳиста-оҳиста ҷунбонида, онро бо овози маҳин мехонад. Тавассути сурудани «Алла» модар меҳру муҳаббат, таманнову орзуҳои хешро нисбат ба фарзанди навзодаш баён месозад. Модарон дуо мекунанд, ки дунё ором бошаду кўдакон сиҳату саломат ба воя расанд, соҳиби илму ҳунар, касбу кор ва хонаву дар гарданд. Суруди «Алла» аз матнҳои манзуми гуногун иборат мебошад. Дар таркиби он рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шеърҳои ғазалгуна низ ба назар мерасанд. Матни сурудҳои «Алла», одатан, аз ҷониби модарон эҷод шуда, баъзан аз тарафи модаркалон ва хоҳарон низ эҷод ва иҷро мегарданд. Матнҳо бо мурури солҳо аз як шахс ба шахси дигар, аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, байни мардум паҳн мешаванд ва хусусияти фолклорӣ пайдо мекунанд. Модарон гоҳе мувофиқи завқу хоҳиши худ ҳангоми хондани «Алла» ба тарзи бадеҳагўйӣ дар матнҳои анъанавӣ баъзе калимаҳо ва ибораҳоро иваз мекунанд, ё номи тифли худро дар матн ҷой медиҳанд, ки дар натиҷа варианти нави суруд ба вуҷуд меояд. Сурудҳои «Алла» бо оҳангҳои махсуси форам хонда мешаванд ва гуфтан мумкин аст, ки тифл аввалин бор суруду оҳангро аз модар меомўзад. Оҳангҳо ба зарбу усули ҷунбидани гаҳвора мувофиқ садо медиҳанд ва бо матн ҳамоҳанг мешаванд.[1]
Алла, лалайик - Суруди навозишӣ, ки ҳангоми хобонидани кудак аз тарафи модар ва ё ягон шахси наздик хонда мешавад.Мазмуни сурудҳои алла аз орзуву омоли модар, тавсиф ва меҳрубонии тифл иборат мебошад. Дар Бадахшон онро лалайик меноманд.[2]
Аллагӯӣ низ, ба монанди қиссаву афсонагӯӣ ва достонсароӣ, як ҷузъе аз фарҳанги кӯҳани тоҷикон аст, ки роҳи тӯлонии таърихро тай кардаву албатта бо чандин дигаргуниҳо то ба замони муосир омада расидааст. Алла ҳамеша ҳамроҳи ҳодисоти давру замон ва таҷассумгари зиндагии одамон будааст. Ва дар аксар маворид мавзӯи меҳварии аллаи модарон сари гаҳвораи тифл, дарди ғарибӣ, дурӣ аз ёру диёр, дарди ишқи ноком будааст. Модарон дар суруди аллаи худ маъмулан он розҳои ниҳонӣ ва орзуву ормонҳоеро, ба забон меоварданд, ки барои гӯшу ҳуши дигарон нест. Ва бояд гуфт, ки аллагӯӣ сари гаҳвораи тифл барои қариб тамоми мардуми ҷаҳон роиҷ аст ва дар бисёр аз кишварҳои олам ба он ҳамчун ба як ҷузъе аз фарҳанги қадимииву аҷдодии худ, эҳтиром мегузоранд.Равоншиносон хулоса кардаанд, хурдсолоне, ки аз модаронашон алла шунидаанд, оромтабиат, нарммиҷоз ва меҳрубонтаранд, нисбат ба он кӯдаконе, ки аз он бенасиб мондаанд.[3]
Суруди «Алла»
[вироиш | вироиши манбаъ]Суруди «Алла»-ро дар Тоҷикистон ба шаклу мазмуни гуногун иҷро менамоянд, вале мақсади ҳамаи модарон як аст. Яъне тавассути суруди «Алла» орзуву омол, ғаму дард ва шодиву нишоти худро баён менамоянд.Дар олам модаре вуҷуд надорад, ки ояндаи дурахшони фарзандашро нахоҳад. Аз ин рӯ месазад, ки модар аз овони хурдӣ дар ниҳоди фарзанди худ тавассути хондани суруди «Алла», гуфтани афсонаҳои аҷоиб, тамошои китобҳои рангаву пурҷило меҳру муҳаббати ногусастаниеро нисбати модар, Ватан ва табиати афсункор бедор намоянд. Чуноне шоира Шаҳрия суруда:
- Кабки мастам, аллаё,
- Зеби дастам, аллаё.
- Шири ман ошат шавад,
- Ширмастам, аллаё.
- Давлати дунё чӣ худ,
- Меҳри ту хуш давлат аст.
- Тифлакам гаҳвораат,
- Ҳадяе аз қисмат аст.
- Ту маро ягонаӣ,
- Нахли пурҷавонаӣ.
- Дар китоби шеъри ман,
- Хуштарин таронаӣ.
- Ноз-нозии манӣ,
- Дилнавозии манӣ.
- Кӯдаки ҷону дилам,
- Сарфарозии манӣ.
- Кабки мастам, аллаё,
- Зеби дастам, аллаё.
- Шири ман ошат шавад,
- Ширмастам, аллаё.
Баробари Шаҳрия Адҳамзод шоираҳои дигар низ суруди «Алла»-ро бо як муҳаббати беандоза ба қалам додаанд. Агар суруди аллаи Фарзона, Норинисо, Хосият Вализода, Меҳринисо, Маҳбуба Неъматзода ва Латофат Кенҷаеваро дилнишин гӯем, суруди аллаи Субҳияи Зоҳид, Назокати Олим, Назокати Сафар, Гулшани Абдураҳмон, низ ширину гӯшнавоз аст. Шоираи хушилҳоми мо Фарзона таманнову умедҳои ширини худро сари гаҳвораи тифлаш он қадар дилнавозу гӯшнавоз сароида, ки аз маҳорати баланди шоирии ӯ дарак медиҳад:
Майдаяк
- Пайрави борони баҳор ашки ту,
- Абраки найсони ман, осуда шав.
- Ҷумла хушиҳои ҷаҳон они ту,
- Дарди ту дар ҷони ман, осуда шав.
- Ту мани беоташи пажмурдаро
- Завқи дигарбора шукуфтан бидеҳ,
- Эй ҳаракоти ту хушу беназир,
- Мижа зану чашм ба чашмам бинеҳ.
- Бо туяму аз ҳама баркандаам,
- Пои маро бастаи завлона кун.
- Серам аз ин фитрату фарзонагӣ,
- Ақли маро содаву тифлона кун.
- Бар лаби ман хандаи маъсум бахш,
- Шавқи ҷавон деҳ мани пирро.
- Ҳарчӣ бихоҳӣ, бару танҳо бимон
- Дар дили ман зарби дили шеърро.
- Ҷумлаи гурдон натавонистаанд
- Бар мани мағрур биёзанд даст.
- Бод ҳалолаш, ки дар ин размгоҳ
- Майдаяке ғолиби ман гаштааст.
Бо ҳама ин офаридаҳои ҷолибу дилнишин, гумон аст модареро пайдо кард, ки суруди «Алла»-ро надонаду сари гаҳвораи нахли умраш бо оҳанги ҳазин.[4]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 18. – 280 с.
- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
- ↑ "Эй бачаи майдаҳаки найовозум, аллаё.... www.ozodi.org. 19 феврали 2019 санҷида шуд.
- ↑ Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат. - Душанбе, 2013, - С. 3
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)