Jump to content

Автократия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз АВТОКРАТИЯ)

Автократия - (аз калимаи юнонӣ autokrateiautos– autos– худам, kratos ҳокимият) буда, маънояш ҳукмронии мутлақ, яккаидоракунӣ мебошад. Ба маънои маҳдуд ҳокимияти болоӣ новобаста аз аҳолӣ амал карда, мақомоти давлатӣ ва назоратӣ ба тариқи пурра ба як шахс тааллуқ дорад.

Таърихи автократия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Автократия чун сохти сиёсӣ, ки дар шароити он тамоми ҳокимияти олӣ дар ихтиёри ҳокими мутлақ аст, ба монархияҳои истибдодии давлатҳои Шарқи Қадим, ҳукмронии мустабидона дар Юнони Қадим, империяҳои Рим ва Византия хос буда, ба зурӣ ва яроқ такя мекард. Дар давраи истибдоди фашистӣ Автократия яке аз зуҳуроти ҳокимияти номаҳдуд ва худсарии шахсии Гитлер (дар Германия) ва Муссолини (дар Италия) барин диктаторҳо буд.

Ба маънои васеъ шакли давлатдориест, ки аҳолӣ дар ташкили мақомоти олии давлатӣ иштирок намекунад ва мақомоти давлатӣ аз ҷониби ҳеч кас назорат карда намешавад. Ҳокимияти сиёсӣ мансуби як шахсе, мақоми коллективӣ мебошад (монархияи мутлақи меросӣ, диктатураи ҳарбӣ, шӯрои регентӣ, хунтаи ҳарбӣ). Ҳангоми режими автократӣ мумкин аст мақомоти намояндагии сохта барои ваколатҳои қалбакӣ ташкил карда шаванд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - 620 саҳ.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир  А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.