Jump to content

Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдибеки Шерозии Ҳамадонӣ
Таърихи таваллуд: 1557(1557)
Зодгоҳ: Ҳамадон
Навъи фаъолият: шоир

Абдибе́ки Шерози́и Ҳамадонӣ (1557, Ҳамадон — ?) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш — Ҳамадони Эрон таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз хонадони шахсони фозилу донишманд, хоҳарзодаи шоир Ҳалокӣ ва бародари калонии шоир Рашкӣ буд. Ҳафт маротиба ба Ҳиндустон (охирин бор соли 1616) сафар карда, бо шоирону адбони ин кишвар вохӯрдааст ва дар маҳфилҳои адабӣ иштирок доштааст. Адибон Абулфазл ибни Муборак, Мирзо Абдурраҳимхони Хони Хонон ба Абдибеки ҳусни таваҷҷуҳ доштанд, ба ӯ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасониданд.

Абдибеки шоири соҳибдевон аст. Девонаш аз 3000 байт иборат буда, дар он навъҳои гуногуни шеър, махсусан ғазал, рубоӣ ва ғайра фароҳам омадаанд.