Jump to content

Абдии Кобулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳхоҷа Абдии Кобулӣ
Навъи фаъолият: шоир

Абдуллоҳхоҷа Абдии Кобулӣ (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шахси таҳсилкарда ва донишманд будааст. Тазкиранависи тоҷик Мутрибӣ соли 1587 дар Бухоро ба мулозимати ӯ расида, муддате дар манзилаш зистааст. Абдии Кобулӣ нисбат ба Мутрибӣ ҳаққи устодӣ дошта, ӯро барои ҷавоб гуфтан ба як қасидаи Осафии Ҳиравӣ ҳидоят намудааст. Аз ашъори Абдии Кобулӣ намунаҳои каме ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд.