Абдувоҳид Розиқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдувоҳид Розиқов
Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович Розиқов
Таърихи таваллуд: 2 август 1942(1942-08-02) (80 сол)
Зодгоҳ: Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: иқтисодиёт
Ҷойҳои кор: Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров

Абдувоҳид Абдуқаҳҳорович Розиқовиқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1984), профессор (1987).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дастпарвари Институти политехникии Тоҷикистон (1965). Ассистенти кафедраи Институти политехникии Тоҷикистон (1965-1967), муҳандис-муҳаққиқ ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АИ ИҶШС (1967-1972), мудири шуъбаи Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон (1972-1976), мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1976-1994). Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994-1995). Муассис ва аввалин декани факултаи бизнеси муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1995-1997). Мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти истеҳсолии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (аз с.1997). Солҳои 1983-1990 дар таҳияи барномаи комплексии прогресси илму техникаи ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1986-2005 ва 1990-2010 фаъолона ширкат варзидааст. Дар ин барнома таҳияи қисматҳои ҳифзи табиат, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои табиӣ ба зиммаи ӯ гузошта шуда буд. Солҳои охир роҳбарии самти нави илмӣ оид ба ислоҳоти низоми инфрасохтори истеҳсолӣ дар шароити бозор, масоили сармоягузории миёнамӯҳлат ва назарияи қабули қарорҳои идоракуниро ба зимма дошт.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]