Абдукарим Машраб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдукарим Машраб
Таърихи таваллуд: 13 декабр 1983(1983-12-13) (40 сол)
Зодгоҳ:
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо
IMDb: ID 7162277

Абдукарим Машраб (Машрабов Абдукарим Ибодуллович; зод. 13 декабр 1983, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, овозхон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдукарим Машраб 13 декабри соли 1983 дар хонадони ҳунарманд Ибодулло Машраб ба дунё омадааст. Дар соли 2001, пас аз хатми Мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Малика Собирова, дар факултети овозхони академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов идомаи таҳсил карда, онро соли 2007 хатм намудааст. Дар давраҳои донишҷӯияш дар ҷашну арӯсиҳо овозхонӣ кардаву якчанд суруд ҳам сабт намудааст[1].

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти ҳунариашро ҳамон сол аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз кардааст. Соли 2008 ба факултети актёри театри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қурбоной Муқим. Абдукарим Машраб: “Театр баъзе маҳдудиятҳои худашро дорад”. YOUR (3 май 2023). 25 май 2023 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)