Абдукарим Раупов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдукарим Раупов
Абдукарим Раупов
Таърихи таваллуд 18 апрел 1949(1949-04-18) (74 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Абдукарим Раупов (18.04.1949, шаҳри Хуҷанд) - педиатр, доктори илмҳои тиб (1987), профессор (1992), узви вобастаи МАН мактабҳои олӣ (1996).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдукарим Раупов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1971). Пизишк-педиатри минтақавии беморхонаи клиникавии кӯдакони Душанбе №2 (1971-1972), ординатори педиатрияи факултативии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1974-1976), аспиранти Пажуҳишгоҳи педиатрияи АИ ИҶШС (1976-1979), ассистенти кафедраи пропедевтикаи бемориҳои кудакон (1979-86), дотсент (1986-1988), мудири кафедраи бемориҳои кудакони факултаи муоличавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1991-1993), мудири кафедраи бемориҳои кудакони факултаи тибби ДДХ (1993-1997), мудири кафедраи бемориҳои кудакони БХ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997-2003), мудири кафедраи бемориҳои кудакони навзоди шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи тайёрии баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон (аз с.2003). Муаллифи бештар аз 130 асари илмӣ оид ба чоришавию муоличаи кудакони гирфтори пиелонефрити сангзод дар мархилаи норасоии музмини гурда. Иштироккунандаи як қатор конференсияҳои байналхалқӣ (С.-Петербург, 2003, 2005, Залсбург, 2004).[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]