Jump to content

Абдулатиф Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулатиф Раҳимов
Абдулатиф Раҳимов
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1958(1958-09-15) (65 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор кумитаи комсомоли ш. Чкалов, Кумитаи хифзи табиати ш.Чкалов, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи олии техникии ба номи Н.Э.Баумани ш.Маскав

Абдулатиф Раҳимов — муҳандис-технолог, доктори илмҳои иқтисодӣ (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи олии техникии ба номи Н.Э.Баумани ш. Маскавро хатм кардааст (1981). Мухдандис-технолог дар заводи таъмири худрави ш. Чкалов (1981-1983), мудири шуъбаи ташкилии кумитаи комсомол (1983-1986), котиби дуюми кумитаи комсомоли ш. Чкалов (1986-1987), раиси Кумитаи хифзи табиати ш.Чкалов (1989-1996), сармуаллими кафедраи биологияи умуми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1996-2000), сармуаллими кафедраи назарияи иқтисодӣ (2000-2001), дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2001-2002), мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ (2003), декани факултаи молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (с.2007). Муаллифи бештар аз 40 мақолаи илмӣ, дастурҳои методӣ ва 3 монография мебошад. Тадқиқоташ ба масъалаҳои баландбардории сатҳи ракобатпазирии иқтисодиёти миллӣ бахшида шудааст.

  • Муаммоҳои монополизм дар иқтисодиёт. - Д.: Дониш, 2000;
  • Муаммоҳои баландкунии сатҳи рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ. - Д.: Дониш, 2004;
  • Тарафҳои монополӣ ва иқтисодии рақобатнокии миллӣ. -Д.: Дониш, 2005.[1]

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]