Зоҳид Абдулин
Абдулин Зоҳид Муҳабулович | |
сардори Ширкати саноати гӯшту шири ҶШС Тоҷикистон
|
|
1961 — 1964 | |
Котиби якуми Комитетҳои ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб
|
|
— 1961 | |
|
|
Таваллуд |
1906 |
Даргузашт |
1989 |
Ҳизб | ҲКИШ |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абду́лин Зоҳид Муҳабулович (1906, деҳаи Таткулмаюри ноҳияи Чердаклини вилояти Уляновск, РСФСР – 1989) — арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1924 – 26 дар мактаби ҳизби коммунистии шаҳри Самара таълим гирифта, солҳои 1926 – 30 муаллим, 1930 – 33 мудири шуъбаи Комитети ҳизбии шаҳри Тошҳавзи Туркманистон буд. Соли 1937 Университети умумииттифоқии хоҷагии қишлоқи Ленинградро хатм карда, солҳои 1937 – 61 котиби якуми Комитетҳои ҳизби коммунистии ноҳияҳои Ашт, Пролетар, Мурғоб, Орҷоникидзеобод, шаҳрҳои Конибодом, Кӯлоб ва солҳои 1961 – 64 сардори Ширкати саноати гӯшту шири ҶШС Тоҷикистон буд. Аз соли 1964 нафақагир буд. Вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2 – 6).
Ордену медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо 3 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 3 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулин Загид Мухабулович. nailtimler.com. 22 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 сентябри 2021.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулин Зоҳид // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.