Jump to content

Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ Абдуллоҳ
дарӣ: عبدالله عبدالله
аз 29 сентябри 2014
Президент Ашраф Ғанӣ
Пешгузашта (барқарор) Ҳомид Карзай
2 октябри 2001 — 22 марти 2006
Президент Ҳомид Карзай
Пешгузашта Абдулмулло Вакил Аҳмад Муттавакил
Ҷонишин Рангин Додфар Спанта

Таваллуд 5 сентябр 1960(1960-09-05)[1] (64 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори тиб[d][2]
Касб Чашмпизишк
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдуллоҳ Абдуллоҳ (дарӣ: عبدالله عبدالله тав. 5 сентябри 1960, Кобул, Афғонистон) — сиёсатмадори паштуни аҳли Афғонистон. Вай вазири умури хориҷаи пешини ин кишвар ва аз номзадони аршади мақоми райёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон аст, ки муовини аввал ва дувуми интихобии эшон Муҳаммад Хон ва Муҳаммад Муҳаққиқ мебошанд.

Абдуллоҳ аз ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ дар даврони набард бо Толибон, ба унвони сухангӯи ҷабҳаи Масъуд ва пули иртиботи онон бо ҷаҳон шинохта мешуд. Абдуллоҳ байни солҳои 2001 то 2006 дар давлати Ҳомид Карзай, вазири умури хориҷаи Афғонистон буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шаҳри Кобул дар оилаи паштун ба дунё омада, 7 хоҳар ва 2 бародар дорад[3]. Гимназии «Нодира» ва соли 1984 — факултети тибии Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст. Дар беморхонаи Пешовар барои гурезагон кор кардааст.

Номзад дар интихобот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯзи 19 феврали соли 2014 аз сӯи афроди номаълум зери ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, як афсари пулис дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи номаълум маҷрӯҳ шуда, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осебе нарасидааст.[4]