Jump to content

Абдуллоҳ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ
Зодгоҳ: Ҷом
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Абдулло́ҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (охири садаи XV — ибтидои садаи XVI).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш — шаҳри Ҷом таҳсил карда, ба шеъргӯӣ оғоз намуд ва чун шоири тавоно шуҳратманд гардид. Аз истеъдоди баланди ӯ дар эҷоди ғазалу рубоӣ ва маснавӣ Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» иттилоъ додааст. Ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавию Амир Хусрави Деҳлавӣ ва маснавиҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ ҷавобия навиштааст. Абёти зерин намунаи шеъри ӯянд:

Пас он гаҳ басе говмешони нар,
Ба занҷир бастанд бар якдигар.
Ки дар пеши хандақ фасиле бувад
Ва з-ӯ ҳар яке манъи филе бувад.
Чаро бояд аз фил кардан ҳазар,
Ки ӯ чорпояст чун гову хар.
***
Нубувватро туӣ он нома дар мушт,
Ки аз таъзим дорад муҳр бар пушт.