Абдуллоҳ Гул
тур. Abdullah Gül | |
28 августи 2007 — 28 августи 2014 | |
Нахуствазир | Раҷаб Тайиб Ардуғон |
Пешгузашта | Аҳмадинаҷот Сезар |
Ҷонишин | Раҷаб Тайиб Ардуғон |
14 марти 2003 — 28 августи 2007 | |
Нахуствазир | Раҷаб Тайиб Ардуғон |
Пешгузашта | Яшар Якиш |
35-умин Сарвазири Туркия
|
|
18 ноябри 2002 — 14 марти 2003 | |
Президент | Аҳмадинаҷот Сезар |
Пешгузашта | Бюлент Эҷевит |
Ҷонишин | Раҷиб Тайиб Ардуғон |
|
|
Таваллуд |
29 октябр 1946[1][2][3] (78 сол) |
Ҳамсар | Hayrünnisa Gül[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои иқтисодӣ[d] |
Эътиқод | суннӣ ва ислом |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | abdullahgul.gen.tr/EN/ma… |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абдуллоҳ Гул (тур. Abdullah Gül;) — сиёсатмадори турк, президенти Туркия (аз 28 августи 2007 то 28 августи 2014). Қабл аз он (2002-2003) - сарвазири Туркия, баъдан муовини 1-уми сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ. Вай ҷонибдори ҳамгироии аврупоии Туркия, талошҳои зиёде ба харҷ дод, то кишвараш тавонист музокирот дар бораи пайвастани Туркия ба Иттиҳоди Аврупоро оғоз кунад. Дар баробари ин, вайро пайрави арзишҳои исломӣ медонанд.
Президент
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи май Раҷаб Эрдуғон нахуствазир Абдуллоҳ Гулро номзади аслии ҳизби ҳоким дар интихоботи президентии соли 2007 эълон кард. Ин тазоҳуроти аҳзоби мухолифро ба бор овард, ки аз номзадии Гул, ки ҳамчун “исломгаро” шӯҳрат дошт, комилан қаноатманд набуданд. Аҳзоби мухолиф тасмим гирифтанд, ки ба далели надоштани кворум раъйи президентро бойкот кунанд ва интихоботро беэътибор эълон кунанд . Дар шаҳрҳои бузург алайҳи пешниҳоди Гул ба мақоми президентӣ ва дифоъ аз низоми дунявии Туркия раҳпаймоиҳои эътирозӣ баргузор шуданд. Сардори штаби генералй Я. Буюканит аз эътирозгарон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки дар сурати таҳдид ба низоми дунявӣ артиш омода аст дахолат кунад. Зери фишори густарда Абдуллоҳ Гул аз номзадии худ даст кашид.
Моҳи июл дар Туркия интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки дар он Ҳизби Адолат ва Рушд ба раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон пирӯзии комил ба даст овард. Парлумони тозатаъсис ба номзадии президент овоз дод. Дар як овоздиҳии такрории рӯзи 28 августи 2007 Гул раисиҷумҳур интихоб шуд ва худи ҳамон рӯз ба курсии худ нишаст.
28 августи 2014 ӯ курсии президентии кишварро тарк карда, ваколатҳоро ба нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон вогузор кард, ки дар интихоботи 10 августи соли 2014 пирӯз шуда буд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1980 бо Хайруниссо Озюрт, ки ҷияни ӯ буд[5], издивоҷ кард ва ҳамсарони Гул соҳиби се фарзанд - писарон Аҳмад Мунир ва Маҳмад Эмре ва духтар Кубра шуданд.
Унвонхои фахрй
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмӣ
- Вазорати корҳои хориҷии Туркия
- Ваъолияти сиёсии Абдуллоҳ Гул Бойгонӣ шудааст 6 марти 2016 сол.
- Маҷаллаи зинда дар бораи навоттоманизм
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ https://www.workwithdata.com/person/abdullah-gul-1950
- ↑ Bir evlilik yıldönümü / Yazarlar / Milliyet Gazete
- ↑ Cumhurbaşkanı Gül’e, Türkmenistan İktisat ve Kamu Yönetimi Devlet Enstitüsünde Fahri Profesörlük Unvanı Verildi. 20 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2015.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 29 октябр
- Зодагони соли 1946
- Зодагони Туркия
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Ҳайдар Алиев
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Президентҳои Туркия
- Сарварони Аврупо асри XXI
- Ҳукуматдорони Туркия
- Сиёсатмадорони Туркия
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон
- Зодагони соли 1950