Абдулло Қаҳҳор
ӯзбекӣ: Абдулла Қаҳҳор | |
Таърихи таваллуд: | 17 сентябр 1907 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 25 май 1968 (60 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, насрнавис, намоишноманавис, тарҷумон, румоннавис, қиссанавис |
Жанр: | повест[d] ва румони кӯтоҳ |
Забони осор: | русӣ ва ӯзбекӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абдулло́ Қаҳҳо́р (17 сентябри 1907, Ашт — 25 майи 1968, Маскав; мадфун дар қабристони Чиғатойи Тошканд) — нависандаи узбек. Раиси Правленияи ИН Ӯзбекистон (1954—1956).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1934). Фаъолияти эҷодиаш соли 1924 аз таълифи ҳаҷвияҳо ва новеллаҳо оғоз ёфтааст. Дар рушди новелла саҳми арзанда дорад.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 30 садаи XX маҷмӯаҳои ҳикоёти «Ҷаҳон ҷавон мешавад» (1933), «Ҳикояҳо» (1935) ба табъ расиданд, ки дар онҳо зиндагии гузашта ва имрӯза (солҳои 30 садаи XX) тасвир шудааст. Дар қиссаҳои «Қаҳрамони Дардакӣ» (1942), «Ситораи тило» (1946) Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ҶБВ (1941 — 45) рӯй овардааст. Сипас, Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ташкили нахустин колхозҳо (хоҷагиҳои дастҷамъӣ) даст зад (романи «Чароғҳои Қӯшчинор», 1946). Дар қиссаҳои «Санговдавак» (1958), «Муҳаббат» (1968) аз ҳаёти деҳоти Ӯзбекистон баъди ҶБВ (1941 — 45) ва зиндагии ҷавонон ҳикоя мекунад. Қиссаи тарҷумаиҳолии Абдулло Қаҳҳор «Афсонаҳо аз гузашта» (1965) ба Мукофоти ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ сазовор дониста шуд (1966). Абдулло Қаҳҳор яке аз драманависони машҳури Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Вай муаллифи мазҳакаҳои «Дар замини нав», «Сӯзании шоҳӣ» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1952), «Дандонҳои дардманд» (1954), «Садо аз тобут» (1962) ва ғайра мебошад. Ба забони тоҷикӣ асарҳои Абдулло Қаҳҳор «Санговдавак» (1962), «Афсонаҳо аз гузашта» (1979) тарҷума шудаанд. Драмаи «Сӯзании шоҳӣ», мазҳакаи «Садо аз тобут», намоишномаи «Ҷон модаракон» дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд. Абдулло Қаҳҳор асарҳои нависандагони рус А. С. Пушкин, Л. Н. Толстой, Н. В. Гогол, А. П. Чехов ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Бо ордену медалҳои даврони шӯравӣ ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст. Дар Тошкенту Қӯқанд ба номаш кӯчаҳо ва мактаб вуҷуд дорад. Дар Театри сатираи Тошкент музейи ба номи Абдулло Қаҳҳор амал менамояд (аз соли 1987).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Каххар Абдулла // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулло Қаҳҳор // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 17 сентябр
- Зодагони соли 1907
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 25 май
- Даргузаштагони соли 1968
- Даргузаштагони Маскав
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандаҳои Ӯзбекистон