Абдулмалики II
Абдулмалики II | |
|---|---|
|
| |
| 999 — 999 | |
| Пешгузашта | Мансури II ибни Нӯҳ |
| Ҷонишин | Абуиброҳим Мунтасир |
|
|
|
| Таваллуд |
980-ум |
| Даргузашт | на пештар аз 999 |
| Падар | Нӯҳи II ибни Мансур |
Абдулмалик II Абулфаворис ибни Нӯҳ — охирин ҳокими Мовароуннаҳр, аз хонадони Сомониён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз суқути салтанати бародараш Мансури II ибни Нӯҳ сардори давлат шуд. 16 майи 999 дар ҷанги назди Марв аз Маҳмуди Ғазнавӣ сахт шикаст хӯрд ва Хуросонро ба ӯ гузошта ба Бухоро баргашт. Тирамоҳи ҳамон сол ба Бухоро Наср ибни Алии Қарохонӣ ҳуҷум кард. Абдулмалик оммаро бар зидди душман бархезонда натавонист. Лашкаркашон, аз ҷумлаи ғуломони турк, ба тарафи душман гузаштанд. 23 октябри 999 Наср ибни Алӣ бе ҷанг ба Бухоро дохил шуд ва Абдулмаликиро бо дигар намояндагони хонадони Сомониён ба Ӯзганд бадарға кард.
Чӣ гуна Абдулмалик ба сари қудрат омад
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои охири давлати Сомониён, ин ҳукумат бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид ва ҳар лаҳза дар интизори суқут ба сар мебурд ва аз тарафи дигар ҳокимони охирини ин сулола бисёр заъиф ва нотавон буданд ва бозичаи қудратҳои атроф қарор мегирифтанд. Интихоби амир ба дасти ҳокимони маҳаллӣ афтода буд ва ба қудрат расидани Абдулмалики дуввум низ истисно набуд. Дар ҷаласае, ки Бектузун (яке аз сардорони соҳибунвони дарбори замони Мансур ибни Нӯҳ) барои аниқ кардани таклифи Маҳмуди Ғазнавӣ ташкил дода буд, Мансури II - ро боздошт карданд ва пас аз гузашти як ҳафта чашмонашро кӯр карданду ӯро ба Бухоро фиристоданд ва бародари хурдсолаш Абдулмалик ибни Нӯҳро бар тахти Аморат нишонда ба ӯ байъат намуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бартолд В. В. Абд ал-Мелик // Бартольд В. В. Сочинения. — М.: Наука, 1964. — Т. II, Ч. 2: Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии. — С. 485—486.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулмалик II Абулфаворис ибни Нӯҳ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони солҳои 980-ум
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Ашхосе, ки таърихи таваллудашон оварда нашудааст
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- Мақолаҳои нопурра аз таърих
- Сомониён