Jump to content

Абдулманони Котиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулманони Котиб
Навъи фаъолият: хаттот

Абдулмано́ни Коти́б ибни Абдулваҳҳоби Шошӣ (охири садаи XIX — аввали садаи XX) — хаттоти тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслан аз Тошканд аст. Дар навиштани ҳафт навъи хат моҳир буда, асарҳои бисёреро китобат намудааст. Аз ҷумла асарҳои Иноятуллоҳи Шайхи Бухороӣ «Ҳошияи Охунди Шайх» (1901, таҳти рақами 8372), Мавлавӣ Абдулҳай «Уҳдат-ур-риоя» (1909, таҳти рақами 7509), Муҳаммад Олим «Кашкӯл» (1912, таҳти рақами 3517), Афзал Махдуми Пирмастӣ «Афзал-ут-тазкор» (1917, таҳти рақами 3761), Биноӣ «Боғи ирам» (1917, таҳти рақами 3761), Алишери Навоӣ «Хамса» (1905, таҳти рақами 11544), «Маҷолис-ун-нафоис» (1917, таҳти рақами 3761) ва ғайраро бо хати зебою хоно китобат кардааст, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.