Абдулқаҳҳори Самарқандӣ
Jump to navigation
Jump to search
Абдулқаҳҳори Самарқандӣ | |
---|---|
Тахаллусҳо: | Шариф |
Таърихи даргузашт: | 1493 |
Навъи фаъолият: | арӯздон, шоир |
Исҳоқ Абдулқаҳҳо́ри Самарқандӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1493) — арӯздон ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома[вироиш]
Абдулқаҳҳори Самарқандӣ аз мардони фозили асраш буда, доир ба илми қофия ва арӯз рисолаи «Арӯзи Ҳумоюн»-ро таълиф кардааст. Ҳарчанд ин рисола дар тақлиди «Ал-Мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ таълиф шудааст, мисолҳои овардаи ӯ аз ашъори шоирони садаи XV қимати таълимию маърифатии асарро зиёд намудаанд. Абдулқаҳҳори Самарқандӣ бо тахаллуси «Шариф» низ шеър гуфтааст ва дар рисолаи хеш дар мавриди вазнҳои алоҳидаи арӯз ва ашъораш мисолҳо овардааст.
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Тоиров У., Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам, ҷ. 1, Д., 1994.
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.