Jump to content

Арӯзи Ҳумоюн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арӯзи Ҳумоюн
Нависанда Абдулқаҳҳори Самарқандӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ

«Арӯзи Ҳумоюн» — рисолаест дар илми арӯз ва қофия, ки Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқ дар қарни 15 ба забони форсӣ таълиф намудааст.

Рисола аслан «Мизону-л-авзон» ном дорад, вале Муҳаммад Ҳасани Адиби Ҳиравии Хуросонӣ саҳван онро таҳти унвони «Арӯзи Ҳумоюн» якҷо бо «Лисону-л-қалам»-и Алишоҳ ибни Маҳдӣ (Т., 1959) ба табъ расонда, мухтасари «ал-Муъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ пиндоштааст. Рисола аз ду боб (асл) — арӯз ва қофия иборат аст. Дар боби аввал дар бораи мартабаи илми арӯз, таърифи он, баёни мавзӯъ ва ғараз аз он, таърифи шеър ва он чи тааллуқ бар он дорад, баҳрҳои аслӣ ва фаръӣ, дар боби дуюм дар бораи мартабаи илми қофия ва маърифати он, мавзӯъ ва ғараз аз он, ҳарфҳо ва айбҳои қофия маълумот дода шудааст.

  • Сатторзода А., Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ, Д., 2001.