Jump to content

Абдулқаҳҳор ибни Устоди Қӯқандии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулқаҳҳор ибни Устоди Қӯқандии Самарқандӣ
Навъи фаъолият: хаттот, хушнавис

Абдулқаҳҳо́р ибни Устоди Қӯқандии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи аввали садаи XIX).

Абдулқаҳҳор қитъа ва асарҳои ҷудогонаро бо анвои хат китобат кардааст. Аз осори хаттотиаш танҳо «Маҳбуб-ул-қулуб»-и Алишер Навоӣ, ки соли 1809 бо хати хеле зебову хоно китобат шудааст, то мо расидааст. Асари мазкур дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ ӯзбекистон маҳфуз мебошад.