Абдулҳай (хаттот)
Таърихи таваллуд: | 1360 |
---|---|
Зодгоҳ: | Бағдод |
Таърихи даргузашт: | 1420 |
Маҳалли даргузашт: | Самарқанд |
Навъи фаъолият: | мусаввир, хаттот |
Абдулҳа́й (1360, Бағдод — 1420, Самарқанд) — мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Устод Шамсуддини Самарқандӣ ӯро ба тарбият гирифта, тамоми нозукиҳои ин ҳунарро ёд додааст. Дере нагузашта Абдулҳай чун мусаввири дарбори Султон Увайси Ҷалоирӣ ном мебарорад ва шуҳраташ аз ҳудуди давлати Ҷалоирия, ки пойтахти он Бағдод буд, берун мебарояд. Соли 1393 Темур Ироқро истило мекунад ва Абдулҳайро дар қатори ғаниматҳо аз Бағдод ба Самарқанд оварда, сардори устохонаи сураткашии худ таъйин мекунад. Абдулҳай дар тасвири манзараҳо, қиёфаи одамон, сурати ҳайвонот, додани обуранг, истифодаи тазодҳо ва таносуби унсурҳои тасвир моҳир будааст.
Осори боқимонда
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз осори ӯ «Бат» («Мурғобӣ»), «Манзараи ҷанг», тасвири чанд манзараи ҳикоятҳои «Гулистон» то замони мо омада расидаанд. Дар асарҳои Абдулҳай тасвири ҳаракат ба мушоҳида мерасад. Таъсири эҷодиёти Абдулҳай дар инкишофи минбаъдаи санъати рассомии Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрон калон аст. Дар охири умр Абдулҳай бо таъсири доираҳои иртиҷоӣ аз рассомӣ даст кашида, аксари осори рассомии худро оташ зад. Абдулҳай хаттоти моҳир низ буда, хати насхро дар китобат ва сулсу риқоъро дар ороиш бештар ба кор мебурдааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулҳай // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.