Jump to content

Абдунаим Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдунаим Бобоев
Таърихи таваллуд 1 август 1936(1936-08-01) (88 сол)
Фазои илмӣ пизишкӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Ҷоизаҳо Аълочии тандурустии Тоҷикистон

Бобоев Абдунаим (тав. 1 августи 1936, ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Хуҷанд) — духтури муолиҷагар, доктори илми тиб (1975), профессори (1976), Аълочии тандурустии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факти муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1958). Ходими хурди илмӣ (1958-68), мудири лаб. беҳдошти меҳнат (1968-79) ва мудири шуъбаи гигиенаи Институти таҳқиқоти илмии эпидемиология ва беҳдошт (1979-80), профессориессори кафедраи беҳдошти умумӣ (1981-87) ва мудири кафедраи беҳдошти умумӣ ва экология, ҳамзамон солҳои 1996—2001 декани факти пешгирии бемориҳои ДДТТ буд. Оид ба масъалаҳои беҳдошти меҳнат ва физиологияи одамоне, ки дар шароити иқлими гарм кор мекунанд, зиёда аз 90 мақолаи илмӣ ва доир ба масоили муҳимми беҳдошти меҳнат ва ҳифзи муҳити зист зиёда аз 40 тав­сияи методӣ ба табъ расондааст. Муаллифи 4 китоби дарсӣ. Таҳти роҳбарии Бобоев 3 нафар рисолаҳои докторӣ ва 25 нафар рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд.

  • Оздоровление условий труда строителей крупных гидроэлектростанций. Д., 1982;
  • Беҳдошт. Д., 1995;
  • Дастур барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни беҳдошти умумӣ. Д., 1998;
  • Условия труда работников основных профессориессий строительного производства и мероприятия по их оздоровлению. Т. I—II. СПб., 1998;
  • Водные ресурсы Таджикистана. Д., 2003;
  • Общая гигиена. Д., 2008.