Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ноҳияи маъмурӣ | |
40°12′42″ с. ш. 69°45′47″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Суғд |
Шомили | 1 шаҳрак, 11 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Ғафуров |
Раиси ноҳия | Салимзода Нусратулло Файзулло (аз 2023)[2] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 31 январи 1957 |
Масоҳат | 2651,7 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 388 600[3] нафар (2022) |
Зичӣ | 128,7 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон, узбекон |
Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | GA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU.GA |
Коди телефон | +992 3442 |
Нишонаи почта | 735690 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ02 |
Вебгоҳи расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (қабл. ноҳияи Ғафуров[4]) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2016 355 000 нафар [5] мебошад, асосан тоҷикон ва узбекон дар ноҳия истиқомат мекунанд. Паҳновари ноҳия 2651,7 км² аст, ки 4,1% майдони умумии вилоятро ташкил медиҳад.[6] Маркази ноҳия шаҳри Ғафуров аст, ки 26 км ҷанубтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Масофа: аз Ғафуров то Душанбе 326 км роҳ аст.
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Масоҳати умумии ноҳия 2651,7 км² буда, дар миёни кӯҳсори Туркистон ва дараи Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Зафаробод ва Спитаман, дар ғарб бо ноҳияҳои Устарӯшан ва Шаҳристон, дар ҷануб бо ноҳияҳои Айнӣ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқ бо ноҳияи Лайлак аз бахшҳои вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.
Иқлим ва табиат
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими ноҳия континенталии хушк буда, ҳарорати миёна дар фасли зимистон аз -10 то -15◦C дараҷа сард, тобистон аз +27◦C до +36◦C дараҷа гарм мешавад. Ҳудуди ноҳия аз захираҳои канданиҳои фоиданок (санг, хок, шағал, рег) ва захираҳои об бой мебошад. Дарёи Сир ва сойи Хоҷабоқирғон соҳаи калони кишоварзӣ ва дигар соҳаҳоро бо об таъмин мекунанд. Табиат ва иқлими ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоид мебошад.[6]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳраки имрӯзаи Fафуров, дар гузашта деҳкадаи Исписор, дар сари роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштааст. Масофаи байни Хуҷанду Исписор ҳамагӣ ду фарсах (12 км)аст. Ин тахминан нисфи роҳи муқаррарии якрӯзаи корвон аст. Корвонҳои қадима одатан дар як рӯз 25-27 км роҳ мепаймуданд. Дар ин байн боз нишемангоҳҳои кӯчаке буданд, ки мусофирон лангар партофта кӯфтагии роҳро мебароварданд. Деҳкадаи Исписор аз ҷумлаичунин манзилҳо буд. Бидуни ин Исписор дар ҳамвории фарохи доманаи кӯҳ дар сари чорраҳа қарор дошт. Ба Исписор аз деҳкадаҳои кӯҳии Қалъача, Овчӣ, Такоб, Қайрағоч ва ҳам Қатағану Хистеварз одамон бегоҳии ҷумъа ба бозор омада, пагоҳи ба манзили хеш бармегаштанд. Аз ин рӯ дар ин маҳал мавҷудияти меҳмонхонаи ориятии сохти суғдии Испанҷа ё Сипанҷ аз эҳтимол дур нест.
Истилоҳи ҷуғрофии «Исписор» аз ду калима ё ҳиҷо – «испанҷ» ва «сор» ба миён омадааст. Дар хусуси маънии «сор» муаллифи «Fиёс-ул-луғот» фармуда, ки ин лафз ба маънии касрот, яъне бисёр ва ҳам ҷо чун кӯҳсор, шохсор, намаксор омадааст. Гумон меравад, ки шаҳри Исписор дар канори вилояти Мовароуннаҳр, аз ҳамин Испанҷи суғдӣ бармеояд. Аз ин тафсироти мухтасар чунин хулоса намудан мумкин аст, ки дар Исписор танҳо як сипанҷ нею чанд меҳмонхонаи ориятӣ амал мекардааст. Шояд ин меҳмонсаройҳо, ба мисли сипанҷҳои дигари Варазрӯд ба деҳкадаҳои ҷудогона мансуб буданд. Чунончӣ, соҳиби «Таърихи Бухоро» Муҳаммад Наршахӣ оварда, ки дар шаҳри Байканд (Пайканд), зиёда аз ҳазор работ, сипанҷ будааст, ба адади деҳҳои Бухоро. Аҳли ҳар деҳ он ҷо сипанҷе бино намуда ва ҷамоатеро дар он нишонда ва нафақаи эшонро аз деҳа мефиристоданд. Дар рӯзи бозор ҳар қавме ба сипанҷи хеш фуруд меомад. Дар рӯзҳои мо дар харобаи Пайканд осори сӣ сипанҷ ошкор шудааст. Дар тамоми сарзамини Мовароуннаҳр бино ба қавли Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал бештар аз 10 ҳазор сипанҷ будааст. Истахрӣ дар Суғд сипанҷеро дида, ки ду паҳлӯи дарвозаи онро ба девор мехкӯб намуда буданд. Ва ба саволи ӯ дар хусуси сабаби ин ҳолат фаҳмониданд, ки сад соли охир дарвозаи сипанҷ боре ҳам пӯшида нашудааст ва барои қабули мусофирон доимо боз аст. Дар сипанҷҳои қадим то 200 одам бо аспу астарашон ҷой мешуданд ва дар он ҷо тамоми ашёи рӯзгор ва ғизоро пайдо намудан мумкин буд. Ба ин минвол Исписорро макони сипанҷ ва пас аз Хуҷанду Хистеварз яке аз маҳалҳои қадими ҳунару бозоргонӣ номидан мумкин аст.[7] Ноҳияи Хуҷанд бо қарори КИМ СССР соли 1926 таъсис дода шудааст. 9 январи соли 1936 номи Ленинободро гирифтааст. Тибқи қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳия аз 27 октябри соли 1939 ба ҳайати вилоят дохил мешавад. 31 январи соли 1957 номи нав ноҳияи Хуҷанд иваз шудааст. 30 июни соли 1999 ба шарафи 90-солагии алломаи замон, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ноҳия барои бузургдошти ӯ номи Бобоҷон Ғафуровро мегирад.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бино бар саршумори 1 январи соли 2016 дар ноҳияи Ғафуров 355 000 тан аҳолӣ будааст. Дар маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров 19,3 ҳаз. наф. ва маҳалли деҳот 335,7 ҳаз. наф. аҳолӣ истиқомат мекунад.[5] Асосан дар ноҳия тоҷикон, узбекон, қирғизҳо, русҳо, тоторҳо ва намояндагони дигар миллатҳо умр ба сар мебаранд.[8]
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
339,8 | ↗347,4 | ↗374,3 | ↗380,5 |
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ғафуров 1 шаҳрак ва 11 ҷамоат дорад[8]
Ҷамоату шаҳракҳои ноҳия | |||
---|---|---|---|
№ | Маҳалли аҳолинишин | Номҳои пешина | Аҳолӣ, 2015[9] |
1 | Ғафуров, шаҳрак | Хуҷанд, Советобод | 18400 |
2 | Хистеварз | Қистақӯз | 52758 |
3 | Унҷӣ | 45760 | |
4 | Ёва | 40297 | |
5 | Ҳайдар Усмонов | 37017 | |
6 | Исмоил | 19844 | |
7 | Овчиқалъача | 21585 | |
8 | Ғозиён | 18760 | |
9 | Исфисор | 39590 | |
10 | Зарзамин | Қатаған | 12744 |
11 | Чашмасор | Ӯткансой | 10275 |
12 | Дадобой Холматов | 12966 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Ғафуров Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ғафуров Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ғафуров барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳия яке аз минтақаҳои пешрафтаи аграрию саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон таъсисёбии корхонаи нави истеҳсолии “Хуаксин Ғаюр суғд семент“ барои ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани он замина гузошт. Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм наздик 7000 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил гардида, бо ин васила ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ имкон дод, ки самаранокии замин таъмин гардад. Дар структураи истеҳсоли зироатҳои рустанипарварӣ сабзавоту ғалладонагиҳо афзалият доранд. Ба рушди соҳаи боғдорию токпарварӣ низ солҳои охир дар ноҳия аҳамияти махсус дода мешавад. Дар соли 2015-ум дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 333 га боғ ва 9 гектар токзори нав шинонида шудааст, ки дар оянда барои зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва инкишоф додани ин соҳа замина мегузорад. Дар ин маврид, ҷоизи қайд аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳудуди заминҳои навкорами ҷамоати деҳоти Чашмасор барои бунёди 685 гектар боғот заминагузорӣ карда шуда, дар зиёда аз 100 гектари он ниҳолҳои сиёҳолу шинонида шуданд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ноҳия содироти меваю сабзавот, азҷумла хушкмева рушд ёбад.
Дар ноҳия 96 адад корхонаҳои саноатӣ мавҷуд мебошанд, ки истеҳсолот дар онҳо дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар се соли охир дар ноҳия 30 адад корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ карданд, ки дар онҳо зиёда аз 450 адад ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Таъсисёбии корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтан замина гузошт. Ҳамзамон дар ноҳия корхонаҳои калони саноатӣ ба монанди ҶДММ «Алфа ПЭТ», ҶДММ «Зерновая Компания», ҶДММ «Ободкори Хуҷанд», ҶДММ «Юсуф Саркор», ҶДММ «Сахо», ҶДММ «Ғаллаи Суғд», ҶДММ «Ширкати Азизӣ» фаъолият доранд, ки онҳо ба рушди соҳаи саноати ноҳия мусоидат карда истодаанд.
дар ноҳия сохтмон ва таъмиру тармим зиёда аз садҳо иншоотҳои истеҳсолӣ, маданию маишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва барқарокунии роҳҳою кӯпрукҳо, иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз он ҷумла мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 13, 17, 23, 24, 29, 33, 50, 75, 80, 83, 84, комплекси хидматрасонӣ ва толори қабули меҳмон дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, пул аз болои дарёи Сир дар ҷамоати деҳоти Ёва, чойхонаи миллии «Боғи Ваҳдат» дар ҷамоати деҳоти Исмоил, маркази савдои «Баракат» дар шаҳраки Ғафуров, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия, бинои шуъбаи бемориҳои дил дар беморхонаи ҷамоати деҳоти Хистеварз, корхонаи коркарди нафт «Нафти Темурмалик» дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров, маркази саломатии деҳоти «Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, қасри маданияти «Арбоб» дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бинои таълимӣ барои 600 хонанда, мактаб литсей ва хобгоҳ барои 140 ҷой, варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Хистеварз, Амфитеатри замонавӣ ва маҷмааи қасри қабули меҳмонон дар шафати қасри маданияти Арбоби ҷамоати деҳоти Унҷӣ ва даҳҳо корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба истифода дода шудаанд.[6]
Дар ҳудуди ноҳия Корхонаҳои пурқудрати Фурудгоҳи Байналхалқии Хуҷанд ва Роҳи Оҳан ҷойгиранд, ки тобеияти ҷумҳуриявӣ доранд.
Алоқа ва ВАО
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамаи 4 барномаи давлатии телевизионии ҷумхуриявӣ - ТВТ, ТВ Сафина, Ҷаҳоннамо, Баҳористон ва вилоятӣ (ТВ Суғд СМ-1, Азия,) пахш мегардад. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия аҳолӣ ба қабули мавҷҳои 4 радиостансия - «Радиои «Тоҷикистон» дар мавҷи 102.7 FM, «Садои Душанбе» - 100.2 FM, радиои «Фарҳанг» - 106 FM ва радио «Овози тоҷик» - 107.5 FM дастрасӣ дорад. Дар ноҳия як рӯзномаи ҳафтавори «Хуҷанд» бо теъдоди зиёда аз 3000 нусха нашр мешавад. Ин ҳафтавор нашрияи мақомоти иҷроияи ноҳия ба шумор меравад. Ҳамчунин нашрияи соҳавии соҳаи маориф бо номи “Раҳбари дониш” ва радиои беноқили маҳаллӣ бо номи “Замон” мардуми ноҳияро бо навгониҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ шинос менамояд. Бахши Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз корхонаҳои бонуфуз ва асосии алоқаи ноҳия маҳсуб меёбад. Дар тавозуни корхона як шабакаи телефонии дорои 3487 рақами телефонӣ ва 5 пойгоҳи хурди деҳотии дорои 2060 рақам мавҷуд мебошад. Инчунин дар ноҳия 12 адад нуқтаҳои гуфтугӯи байнишаҳрӣ фаъолият мебаранд.[6]
Маориф ва фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қаламрави ноҳия 89 адад муассисањои таълимии тањсилоти асосӣ ва миёна, аз љумла 76 адад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад мактабҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 1 адад Мактаби хонандагони болаёқат, 2 адад гимназияҳои давлатӣ, 3 адад гимназияњои хусусӣ, 1 адад мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 адад мактаб-парваришгоҳи махсуси ношунавоён фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 63411 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Аз ин миқдор муассисаҳои номбурда 4 адад мактаб, 1 адад гимназия, 1 адад маркази таҳсилоти иловагӣ дар шаҳраки Ғафуров ҷойгир буда, боқимондаи онҳо дар деҳот қарор доранд. Дар ноҳия як адад мактаб-парваришгоҳи махсуси ношунавоён амал мекунад, ки дар он аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 287 нафар кӯдакон, аз љумла 117 нафар духтарон таҳсил доранд. Ҳамчунин дар ноҳия литсейи касбӣ-техникӣ амал менамояд. Дар 5 соли охир миқдори мактабҳои намуди нав ба 3 адад, аз он ҷумла гимназияи хусусии «Сафина», «Нури Ирфон», муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болоёқат ташкил карда шуданд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 55 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 17 адад клубҳо, 31 китобхона, мактаби санъат ва ансамбли «Шашмақомхонон» фаъолият дорад. Дар маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров сохтмони маҷмааи фарҳангию фароғатӣ оғоз гардида, толори кинотеатри “Шарқ” дар маркази ноҳия аз таъмири хушсифат бароварда шуда, ба истифода дода шуд. Дар миқёси ноҳия 1 осорхонаи ҷумҳуриявӣ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият мебарад. Инчунин дар миқёси ноҳия 82 адад ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ қарор дошта, 7 адади онҳо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Такмилёбии дастаи ҳунарии рақсии «Садбарг», ансамбли «Шашмақомхонон» даҳҳо дастаҳои ҳунарии шаҳраку ҷамоатҳо ба майдони фарҳанги ноҳия симоҳои нави эҷодиро тавлид намуд. Дар ноҳия ёдгориҳои таърихӣ ба монанди қасри Маданияти Арбоб, муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, муҷассамаи “Аскари номаълум”, муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”, нимпайкараи “Ҷаббор Расулов”, “Р.Набиев”, нимпайкараи қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ “Ф.Ахмедов”, “Д.Азизов”, “Ҳоди Кенҷаев”, “Саидхоҷа +рунхӯҷаев”, мазори “Хоҷабоқирғон”, мазори “Чашмаи арзана” дар руҳияи хештаншиносию зебоипарастӣ насли наврасро барои тарбияи намудан хидмат мерасонад.[6]
Тандурустӣ ва варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди ноҳия 105 адад муассисаи тиббӣ фаъолият мебаранд, аз он ҷумла, 1 адад беморхонаи маркази ноҳиявӣ, 3 Беморхонаи минтақавии деҳотӣ, 7 Беморхонаи ноҳиявии рақамӣ, 1 беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, 31 адад марказҳои саломатӣ, 50 адад хонаҳои саломатӣ, 3 адад клинакаҳои хусусӣ, 7 адад дармонгоҳу амбулаторияҳои хусусӣ ва 7 адад марказҳои махсусгардонидашуда ба монанди ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сил, маркази пешгирии ВНМО, кӯдакон, эмтаъминкунӣ, 1 стансия ва 11 шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия фаъолият мебаранд. Беморхонаи марказии ноҳиявӣ дар соли 1959 сохта шудааст. Беморхонаи марказии ноҳия аз 18 шуъба иборат мебошад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 мактаби варзишии бачагону наврасон фаъолият мебаранд, ки миқдори умумии аъзоёнаш 840 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди умумии кормандони мактаби варзиши 33 нафар аст, ки 24 нафари онҳоро муррабиён ташкил менамоянд. Ба ғайр аз ин дар ноҳия 19 адад толори варзишӣ, 63 майдончаи варзишӣ ва 4 варзишгоҳ мавҷуд аст.[6]
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуллоҷон Орипов
- Абдураҳмон Қодирӣ
- Абдуҳафиз Бобоҷонов
- Ашурбой Солиев
- Маъруф Бобоҷон
- Муҳиддин Фарҳат
- Назира Ғаффорова
- Нурмуҳаммад Ниёзӣ
- Равшан Замир
- Раҳматҷон Охунов
- Саттор Қайюмов
- Саъдулло Асадуллоев
- Турсун Ӯлҷабоев
- Усмонҷон Ғаффоров
- Қоҳир Расулзода
- Қурбон Алӣ
- Ҳабибулло Холҷӯраев
- Ӯринбойи Усмон
- Ӯрунбой Додобоев
Ноҳия дар аксҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 11 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2023.
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Агентии Омори Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2015. — Душанбе, 2015. — С. 49.
- ↑ 5.0 5.1 Маҷмӯаи омории "Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016". Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2016, соли 19. 28 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 августи 2017.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 6.5 Ноҳияи Б. Ғафуров. Маълумотнома. 17 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2017.
- ↑ Ҳ. Холҷӯраев., Ш. Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. – Хуҷанд, 2012 (884 с.) С. 106-108
- ↑ 8.0 8.1 Шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд. Ғафуров. 17 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2017.
- ↑ Demography. untj.org. 20 Январ 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоҷон Ғафуров / Ш. Тошева // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.