Абдураззоқ Раззоқов
Абдураззоқ Ашурович Раззоқов | |
Таърихи таваллуд | 26 март 1972 (52 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Абдураззоқ Ашурович Раззоқов (тав. 26.03.1972, д. Ёрии н. Панҷакент) — олим, риёзидон, номзади илмҳои педагогӣ (2011), дотсент, шоир, рӯзноманигор, узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2000).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми мактаби миёнаи №9-и зодгоҳ соли 1989 ба ҳамин мактаб фаъолияти меҳнатиро оғоз намудааст. Соли 1990 ба шуъбаи рӯзонаи факултети математика, ихтисоси математика-информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 1995 хатм кардааст. Аз соли 1999 узви шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои 1998–2003 ҳамчун ассистент, аз соли 2003 муаллими калони кафедраи геометрия, солҳои 2001-2011 муовини декани факултети математика оид ба таълим фаъолият кардааст. Солҳои 2006-2011 ҳамчун аввалин эдвайзер, ташкилкунанда ва танзимгари ҳуҷҷатҳои Низоми кредитии таҳсилот дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар симои факултети математика мебошад. Соли 2011 зери роҳбарии Узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нугмонов М. рисолаи илмии худро дифоъ намудааст. Солҳои 2011-2015 котиби Шурои таълимӣ-методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2011-2013 ва боз такроран солҳои 2017-2017 вазифаи мудирии кафедраи геометрияро ба уҳда дошт. Аз соли 2013 ба вазифаи декани факултети математика таъин шуда, аз 20.02.2017 то ҳол ба ҳайси мудири кафедраи Методикаи таълими математика Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
Муаллиф, мусанниф, мураттиб, муқарриз ва муҳаррири беш аз 60 китобу дастурҳои илмиву адабиву соҳавӣ буда, беш аз 345 номгӯйи мақолаҳои илмиву методиву оммавиаш дар матбуоти даврӣ чоп ва тавассути садову симо пешкаши мардум гаштааст. Ҳамчун шоир якчанд маҷмуаҳои шеърӣ ба чоп расонидааст, ки «Хонаи умед» (1993), «Дурахши ишқ» (1996), «Эй ишқ, эй қиёмат» (2000), «Баёзи риёзӣ» (2003, 2018), «Шукрона» (2009), «Баҳори ишқ» (2010) «Замзамаи диёру ишқ» (2018), «Нӯшбоди Хайём» (2020) аз ҷумлаи онҳоянд. Бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳ сарфароз гардонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- О преемственности в обучение геометрии в средней школе // Известия АН РТ. Серия общественних наук, 2009, № 4;
- Муносибати адабиёт бо риёзиёт (Дастури методӣ). Д., 1995;
- Зиёбахши дилҳо (Ёднома), Панҷакент, 1998.
- Алгебра. Дастури методии алгебраи синфи 9. Д., 2019;
- Математика (варианти мисолу масъалаҳо барои довталабони мактабҳои олӣ дар асоси ММТ). Д., 2016
- Геометрияи аналитикӣ Д., 2019, Практикуми математикаи мактабӣ. Д., 2016;
- Математика. Дастури таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ. Д., 2016;
- Маводи таълимӣ аз геометрия. Д., 2016; Математика ҳалли масъалаҳо синфи 5. Д., 2017;
- Алгебра: Ҳалли масъалаҳо. Синфи 7 (ҳаммуаллиф). Д., 2020;
- Ҳабдаҳ муодилае, ки оламро таѓйир додааст. (ҳаммуаллиф). Д. 2020;
- Нобиѓае аз Паѓна (ҳаммуаллиф). Д., 2019;
- Математика (дастури методӣ) ҳалли масъалаҳо синфи 5 (ҳаммуаллиф). Д.,2021.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 26 март
- Зодагони соли 1972
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ