Абдураҳмон Ҳомидзода
Зоҳир
Ҳомидзода Абдураҳмон | |
Таърихи таваллуд: | 19 феврал 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ: | Турсунзода , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи пӯлоду хулаҳои шаҳри Москва |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Абдураҳмон Ҳомидзода — муҳандис-механик, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдураҳмон Ҳомидзода 19 феврали соли 1964 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистон ва соли 2007 Донишкадаи пӯлоду хулаҳои шаҳри Москваро хатм намудааст. Ихтисос: муҳандис-механик, муҳандис
- Солҳои 1981-1982-донишҷӯи ОКТ–59-и шаҳри Турсунзода;
- Соли 1982 (10)-электролизчии намакҳои обшудаи сехи электролизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 1982-1985-хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ;
- Соли 1986 (01-11)-электролизчии намакҳои обшудаи сехи электролизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 1986-1987-шунавандаи шуъбаи тайёрии Институти политехникии Тоҷикистон;
- Солҳои 1987-1992-донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон;
- Солҳои 1992-1993-электролизчии намакҳои обшудаи иморати №5-и сехи электролизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 1993-1996-устои истеҳсолоти иморати №5-и сехи электролизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 1996-1999-устои калони истеҳсолоти иморати №4-5-и сехи электролизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 1999-2003-сардори сехи электролизи алюминий Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 2003-2005-ҷонишини сардори маркази муҳандисию техникӣ- сардори сектори мониторинг ва таҳлили Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 2005-2007-сардори сехи рехтагарии Заводи алюминии Тоҷикистон;
- Солҳои 2007-2012-директори истеҳсолоти рехтагарии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;
- Солҳои 2012-2015-сардори шуъбаи истеҳсолию танзимгарии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»;
- Аз моҳи феврали соли 2015- то инҷониб директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошад.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Мукофот ва ҷойизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳомидзода Абдураҳмон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.